Меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ – ин маҷмуи қоидаҳоест, ки рӯзноманигорон ва ё расонаҳо довталабона қабул мекунанд. Меъёрҳои ахлоқӣ ба таври табиӣ стандартҳои сифати иттилоъро комил мегардонанд. Ҳар расонае, ки ба худаш эҳтиром қоил аст, бояд чунин стандартҳоро дошта бошад.
Стандартҳои сифати иттилоъ имкон медиҳанд, ба истеъмолкунанда ҳамон миқдор иттилои дорои аҳамияти иҷтимоӣ пешниҳод гардад, ки вай барои ба таври комил тасвир кардани ин ва ё он мавзуъ ниёз дорад. Яъне, рӯзноманигорон аз нашри иттилое худдорӣ меварзанд, ки аз нигоҳи истеъмолкунанд, аҳамияти иҷтимоӣ надорад.
Барои мисол, ин метавонад, иттилоъ дар бораи мансубияти қавмӣ, динӣ, минтақавии ширкатдорони ҳодисаву воқеа ва ё ҷузъиёти дигаре бошад, ки ба мавзуи мавриди баррасӣ робитаи мустақим надорад. Аммо ин танҳо дар сурате, ки агар чунин иттилоъ дар контексти мавод аҳамияте надошта бошад.
Барои мисол, тавсия дода мешавад, ҷузъиёти зиндагии касоне инъикос карда нашавад, ки ҷиноят содир кардаанд.
Бархе аз расонаҳо ҳатто ному насаби гумонбарон ва ё ҷинояткоронро зикр намекунанд ва танҳо ҳарфҳои аввали ному насабашонро меоранд. Аввалан, зикри мушаххасоти ин гуна афрод метавонад, ба наздикон, аз ҷумла фарзандони ноболиғи онҳо зиёни маънавӣ расонад. Сониян, зикри ном ва мушаххасоти ин гуна афрод дар мақола барои хонанда иттилои бо аҳамият ба ҳисоб намеравад. Зикр накардани ном ва мушаххасот, бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ, ба одамон имкон медиҳад, ки маълумотро беҳтар дарк ва ҳазм кунанд.
Ашхоси ҷамъиятӣ дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо
Аммо ин маҳдудиятҳо ва парҳезҳо нисбати афрод ё чеҳраҳои ҷамъиятӣ ва наздикони онҳо истифода намешаванд. Ба ин гуруҳи одамон мансабдорон, сиёсатмадорон, фаъолони ҷамъиятӣ ва ғайра шомил ҳастанд.
Дар сурате, ки агар иттилоъ дар бораи содир кардани ҷиноят аз сӯи наздикони мансабдоре ва ё аз сӯи худи мансабдоре тасдиқ шавад, нашри ҷузъиёт ва мушаххасоти ҷинояту ҷинояткор ба манфиати ҷомеа аст.
Дар маҷмуъ, рӯзноманигорон бояд дарк кунанд, ки ҳамаи ин қоидаҳо таврзи истифодаи махсус доранд. Барои мисол, дар аксари кодексҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ омадааст, ки набояд бо аланга задани низои байнимиллӣ ва байнимазҳабӣ роҳ дод.
Аммо мафҳуми “ҷинояти қавмӣ” аз ин меъёр истисно аст. Дар чунин ҳолатҳо зикри мансубияти миллӣ ва ё дигар навъи мансубияти ширкатдорони ҳодисаҳо комилан ҷоиз аст.
Ҳамчунин набояд ҳуқуқ ба зиндагии шахсии афроди ҷамъиятиро сарфи назар кард. Марзи байни муҷозу номумкин гоҳҳо номаҳсус аст ва интихоб дар ихтиёри шумост. Ба аудиторияи худ исбот кунед, ки рафтори шумо аҳамияти иҷтимоӣ дорад.
Махсусиятҳо ва умумиятҳои кодексҳои ахлоқӣ
Кодексҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ дар ҳар кишваре вижагии худро дорад. Кодексҳо вижагиҳои муҳитеро ба эътибор мегиранд, ки рӯзноманигорон дар он фаъолият мекунанд. Барои мисол, дар кодекси рӯзноманигорони Тоҷикистон гуфта шудааст, ки бояд зидди маҳалгароӣ мубориза бурд. Кодекси кишварҳои Балкан рӯзноманигоронро аз ҳассосияти барангехтани бадбинии байни мазҳабӣ ҳушдор медиҳад.
Яъне, кишварҳои дорои миллат ва мазҳаби воҳид ба ин меъёрҳо ниёз надоранд.
Ҳатто кодексҳои рӯзноманигории расонаҳои як кишвар аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Сарфи назар аз тафовутҳои кодексҳои рӯзноманигорӣ аз ҳамдигар, ҳамаи кодексҳо чанд меъёри умумӣ доранд. Ба вижа меъёрҳои калидии кодексҳо дар ҷаласаҳои машваратии рӯзноманигороне, таҳти сарпарастии ЮНЕСКО, қабул шудаанд.
Дар меъёрҳои умумӣ ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба иттилои дақиқ, эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ ва каромати инсонӣ, эҳтироми арзишҳои умумӣ ва гуногунии фарҳангӣ, зарурати мубориза зидди ҷанг ва дигар харобиҳо шомил мешаванд.
Ҳамзамон дар кодексҳои ахлоқии кишварҳои Осиёи Марказӣ ин меъёрҳо мушаххастар зикр шудаанд.
Дар ин кодексҳо омадааст:
- Маводҳо бояд боэътимод ва холисона бошанд;
- Манбаи иттилоъро бояд ҳифз кард;
- Миёни далел ва ақида бояд фарқ гузошт;
- Ҳаёти шахсиро бояд эҳтиром кард;
- Набояд ба табъйиз роҳ дод;
- Аз манофеи тиҷорӣ набояд вобаста буд;
- Ба асардуздӣ набояд роҳ дод;
- Иштибоҳҳои рухдодаро бояд ошкоро ислоҳ кард.
Ахлоқ болотар аз қонун аст!
Бояд дарк кард, ки меъёрҳои ахлоқӣ барои расонаҳо бештар аз қонун аҳамият доранд. Барои мисол, тибқи қонун рӯзноманигор вазифадор аст, ки дар додгоҳ манбаи махфии иттилои худро ошкор кунад. Аммо кодексҳои ахлоқӣ талаб мекунанд, ки дар бархе ҳолатҳо рӯзноманигор ҳатто дар сурати таҳдиди зиндонӣ шудан низ набояд манбаи худро ошкор кунад.
Ҳамзамон бояд рӯзноманигорон қонунҳои соҳаи рӯзноманигорӣ огоҳ бошад. Барои мисол, рӯзноманигорон, пеш аз ҳама кормандони телевизионҳо бо айби хунукназарии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бисёре аз мавридҳо меъёрҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла меъёрҳои байналхалқиеро поймол мекунанд, ки ба ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон равона шудаанд. Поймол кардани ҳуқуқи касоне, ки наметавонанд, аз худ ҳимоят кунанд, поймолсозии меъёрҳои ахлоқӣ аст.
Кодексҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ – ҳамчун василаи пешгирӣ аз худсарии расонаҳо
Албатта, ҳокимияти чаҳорум номидани расонаҳо нодуруст аст. Ҳокимияти аслии чаҳорум – ин афкори омма аст, ки расонаҳо бо ин ҳокимият робитаи душвори диалектикӣ доранд ва ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Ҳамзамон намешавад, инкор кард, ки расонаҳо ва ҳатто бархе аз рӯзноманигорон соҳиби қудрат ҳастанд. Соҳаи ВАО бисёр нозук аст ва мо беҳтар аст, ки худро танзим кунам, то ин ки мансабдорони ғараздор натавонанд, дар кори мо нуқсе пайдо кунанд ва монеи фаъотиятҳои касбии мо шаванд.
Маводи иловагӣ: Принсипҳои байналхалқии ахлоқи рӯзноманигорӣ (ЮНЕСКО, соли 1983) – пайванд
Кодекси ахлоқии рӯзноманигорони Ҷумҳурии Қазоқистон (Кодекси ахлоқии рӯзноманигорони Қазоқистон)
Кодекси ахлоқии рӯзноманигорони Қирғизистон (пайванд)
Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон (пайванд)