Зеркаш кардан
Чоп кардан

Равоншиносии расонаҳои иҷтимоӣ

Дар бораи равоншиносии шабакаҳои иҷтимоӣ хуш омадед. Oн чӣ ки дар ин видео мехоҳам ба шумо нишон бидиҳам, ин аст ки чӣ тавр дарку фаҳмиши рафтори инсонӣ барои ҷалби мухотабон ёрӣ мерасонад. Бо шумо дар ин бора суҳбат хоҳам кард, ки чӣ одамонро ба гузоштани «лайк», навиштани шарҳ ва ба иштирок гузоштани матлаб таҳрик медиҳад. Инчунин, чӣ тавр шумо метавонед ин чизҳоро барои идора кардани рафтор истифода кунед ва одамонро барои иртибот бо муҳтавои худ водор созед.

Spoiler/Спойлер
Салом, ба навори омӯзишӣ дар бораи равоншиносии шабакаҳои иҷтимоӣ хуш омадед.
Шояд ҳайрон шавед, ки чаро фаҳмидани равоншиносӣ муҳим аст. Ман онро дар донишгоҳ омӯхтам ва тамоми карераи ман ба рафтору гуфтор дар Интернет марбут аст. Чӣ дар бахши хабарии ВВС, ки қиссаҳо таҳия мекардем ва ё чӣ дар 12 соли ахир, ки ба одамон дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои мухобироти нисбатан муосир кумак менамудам.
Хуш, он чӣ ки дар ин видео мехоҳам ба шумо нишон бидиҳам, ин аст ки чӣ тавр дарку фаҳмиши рафтори инсонӣ барои ҷалби мухотабон ёрӣ мерасонад.
Бо шумо дар ин бора суҳбат хоҳам кард, ки чӣ одамонро ба гузоштани «лайк», навиштани шарҳ ва ба иштирок гузоштани матлаб таҳрик медиҳад. Инчунин, чӣ тавр шумо метавонед ин чизҳоро барои идора кардани рафтор истифода кунед ва одамонро барои иртибот бо муҳтавои худ водор созед.
Ман фикр мекунам, ки аз ҳамон оғоз хеле муҳим аст дарк намоем, ки ҳарчанд фановариҳо ҳамарӯза иваз мешаванд, аммо одамон – не.
Асосан, одамон дар тамоми ҷаҳон як хел ҳастанд. Талаботҳои мо ва дигарон якхела ҳастанд. Бо шарофати бароварда кардани талаботҳои мухотабонатон бошад, расонаҳои иҷтимоии шумо нисбатан муваффақтар мешаванд.
Вақте барои шабакаҳои иҷтимоӣ муҳтаво таҳия мекунед, хеле муҳим аст аз ин нуқтаи назар фикр кунед, ки мухотабон аз шумо чӣ шунидан мехоҳанд.
Иерархияи графикии эҳтиёҷоти Маслоу

Дар равоншиносӣ мо иерархияи эҳтиёҷоти Маслоуро омӯхтем. Хуш, эҳтиёҷоти асосии одамон об, паноҳгоҳ ва ниёзмандиҳои физиологӣ мебошанд. Баъдан моро зарур аст, ки худро дар амният эҳсос намоем.

Расонаҳои иҷтимоӣ дар сатҳи нисбатан баланди эҳтиёҷот  ҷойгир аст. Агар мо тавонем касеро водор намоем, ки мансубияташ ба чизеро эҳсос кунад, дарк кунад, ки мо ба ҳарфаш гӯш медиҳем ва ӯ мефаҳмад, ки ба ӯ чӣ лозим аст, пас ин хеле муассиртар мешавад.

Аз ин хотир, ман ҳамеша таъкид мекунам, ки вақте муҳтаво месозед, дар назди худ аудиторияро тасаввур намоед.

Қаблтар аз ҳама, эҳтиёҷоти онҳоро дар ҷойи аввал гузоред – гарави муваффақият ҳамин аст.

Яке аз саволҳои аввал, ки ҷавоб мехоҳад ин аст: ҳадафатон киҳо ҳастанд? Бояд дар мавриди аудиторияи худ тасаввуроти дақиқ дошта бошед, ин хеле кумак мерасонад.
Баъзе одамон шояд аз омӯзиши демография, ҷузъиёте монанди сину сол, ҷойи зист, муносибати хонаводаӣ, чӣ кора буданашон, шурӯъ кунанд. Инчунин ҷузъиёти дигарро метавонанд омӯзанд.
Ин муфид аст, аммо фикр мекунам боз ҳам муфидтар мешавад, агар дар мавриди графикаи равонӣ биандешем.
Графикаи равонӣ ин меъёрҳои равоншиносӣ аст. Ва онҳо муайян мекунанд, ки шумо чӣ гуна инсон ҳастед. Он нуқтаи назар, андеша ва манофеи шуморо фаро мегирад. Ҳамин тариқ, ин чизест ки касе ба зиндагӣ чӣ муносибате дорад ва ё андешааш дар мавриди чизе чӣ гуна аст, инчунин манфиатҳои онҳо чӣ тавр аст – ба кадом гуруҳҳо мансубанд, ба кадом анҷуманҳо пайвандӣ доранд.
Ин чизҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дарки ин ки мухотабони шумо чигунаанд, аз шумо чиро шунидан мехоҳанд, барои онҳо чӣ чиз ҷолиб аст, фавқулодда муҳиманд.
Ва агар шумо портрет сохта метавонед – тасаввур намоед, ки бо инсони воқеӣ суҳбат мекунед – ин ҳам ба шумо хеле ёрӣ мерасонад, зеро шумо наметавонед ҳама вақт табъи дили ҳамагон бошед.
Аммо агар шумо муҳтавое таҳия кунед, ки бо як нафар ҳамоҳанг шавад, эҳтимолан бо теъдоди зиёди одамон ҳамоҳанг мешавад. Аз ин рӯ, андеша дар бораи манфиатҳо, дидгоҳҳо ва ақидаҳои аудитория нуқтаи хеле муфиди ибтидоӣ ба шумор меравад.
Пас аз он ки маълум кардед, ҳадафатон киҳо ҳастанд ва онҳо аз шумо чӣ шунидан мехоҳанд, бояд талош кунед, таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб намоед. Дар ин шабу рӯз бо кумаки шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалби таваҷҷуҳ кори осоне нест, зеро онҷо иттилооти зиёде мавҷуд аст.

Хуш, шумо бояд дар ин маврид биандешед, ки чӣ тавр метавонам хонандаро маҷбур намоям, ҳангоми варақгардонии хабарҳову навгониҳо дар телефон бозистад?

Ва аввалин чизе ки бояд анҷом дод, ҷалб кардани таваҷҷуҳи онҳо шояд бо акс ва ё кадом як амали воқеан дидорӣ ва ё шояд кадри аввали видео мебошад. Чизе ки ба чашм мехӯрад ва онҳоро маҷбур мекунад қабл аз он ки иртиботро бо муҳтавои шумо шурӯъ мекунанд, ба як миллисония биистанд.
Пас, қисмати хуби дидорӣ воқеан ин нуқтаи хуби ибтидоӣ, инчунин эҳтимолан чизи рангае ҳаст. Шояд матни рангин ва ё эмодзӣ (смайлик) ва ё чизе ба ин монанд. Ва боз як чизи дигар – сарлавҳа, калимаҳое ки дар шарҳи худ истифода мекунед.
Медонед, чандин бор шудааст, ки ба матлаб нигоҳ карда, аммо барои мутолиаи он мароқ зоҳир накардаам, зеро аз рӯи сарлавҳа чунин намуд, ки чизи ҷолибе дар он нест. Хуш, аввалин калимаҳои шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд таваҷҷуҳбарангез бошанд. Онҳо бояд чизе дошта бошанд, ки таваҷҷуҳро ҷалб созад. Агар шумо қиссае нақл мекунед, масалан қиссаи инсониеро, пас усули эҳсосӣ барои касеро ба ин қисса ҷалб кардан, воқеан муҳим аст.

Аз ин рӯ, дар бораи калимаҳо ва чизҳое фикр кунед, ки истифода мебаред. Ин метавонад инфографика ва ё чизе ба ин монанд бошад, зеро танҳо як сония вақт доред, то таассуроти хуберо ба миён биёред. Инчунин фаромуш накунед, ки ҳолномаву аксҳои шумо мисли одами ҳақиқие менамоянд, ки касе мехоҳад бо ӯ суҳбат кунад.

Шумо медонед, ки кадом одамон ҳадафатон ҳастанд. Роҳи ҷалби таваҷҷуҳи онҳоро пайдо кардаед. Акнун шуморо лозим аст бияндешед, ки чи чизе дар асл дар шабакаҳои иҷтимоӣ коромад аст.     
Шумо муҳтаворо таҳия кардед, аммо чи тавр одамонро барои иртибот бо он маҷбур мекунед, зеро, агар бо одамон иртиботот набошад, онҳоро барои гуфтугӯ бо шумо ва ё гузоштани лайку ба иштирок гузоштан водор насозад, чизе гуфтан маънӣ надорад.
Аз ин рӯ, қабл аз ҳама бояд фикр кунед, ки чӣ тавр муҳтаворо ба эҳтиёҷоти одамон мутобиқ кунед, онҳо чиро бояд аз шумо бишнаванд ва шумо чӣ тавр барои онҳо нисбатан муфид бошед. Ба тафаккури одамон ворид шудан лозим аст, то эҳсос кунанд, ки ин муҳтаво воқеан барои ман аст ва маро маҷбур мекунад бо он иртибот намоям.
Список RITE

Ман зиёд аз ихтисорот истифода мекунам. Аз ин рӯ, мо метавонем бигӯем, ки муҳтавои шумо бояд дуруст бошад, ин  R I G H T ба забони англисӣ, ихтисорот бошад – R I T E аст, инро ба ёд гирифтан хеле осон аст.

Ҳамин тариқ, R  – ин relevant – яъне, марбут.

Оё ин ба аудиторияи шумо марбут аст. Оё бо онҳо ҳамхонӣ дорад? Оё ҳангоми тамошои ин чизеро эҳсос мекунанд?

Оё хонданибоб аст? Онро тавре гузоштаед, ки агар матлаби калон бошад, оё зерсарлавҳа ва ё унсурҳои дидорие ҳастанд, ки қисматҳои онро ҷудо кунанд. Ин чизе ҳаст ки зуд дарк мешавад ва дар хотир мемонад.

Инчунин, R ин respectful – боэҳтиром аст – ҳамеша боодоб бошед. Ҳамеша меҳрубон бошед.

I – ин interesting, informative ва insightful – ҷолиб, иттилоотӣ ва ё фаҳмо. Агар муҳтавои шумо ба одамон ҷолиб набошад, пас чаро бояд бо он иртибот дошта бошанд? Аз ин рӯ мутмаин бошед, ки он ҷолиб ва иттилоотӣ аст.

T – ин timely – саривақтӣ мебошад. Саривақтӣ ба ин маънӣ аст, ки касе ҳамин ҳоло онлайн аст. Агар чизеро нашр мекунед, вақте ки одамон офлайн ҳастанд, пас онҳо онро чӣ тавр мебинанд?

Инчунин T – topical – воқеӣ. Агар метавонед ки муҳтавои худро ба чизе пайваст намоед ки ҳамин ҳоло дар хабарҳо аст, ин барои одамон нисбатан муфид мебошад. Ва ё ин метавонад чизе бошад, ки ба замон пайванд нест ва мешавад дар ҳар вақт онро нашр кард. Чизе мисли муҳтавои ҳамешасабз.

Дигарӣ –  E – educational or emotionally engaging – таълимӣ ва ё ҷолбкунандаи эҳсос аст.

Фикр мекунам ин чизҳо воқеан муҳиманд, таваҷҷуҳи эҳсосӣ яке аз роҳҳои беҳтарини маҷбур кардани шабакаҳои иҷтимоӣ барои кор кардан ба нафъи шумо аст. Шумо бояд фикр кунед, ки «мехоҳам касеро ба ҳайрат оварам, онҳоро шод кунам». Онҳоро маҷбур накунед, ки ворид шаванд. Аммо чизҳоеро, ки ҳайратовар ва ҷолибанд, одамон ба иштирок мегузоранд.
Вақте муҳтавои худро таҳия кардед, шуморо зарур аст фикр кунед, ки одамон чӣ тавр бо он иртибот мегиранд. Ва баъзан ин ҳам кумак мекунад, шумо биандешед, ки худатон чиро лайк мегузоред, шарҳ менависед ва ба иштирок мегузоред. Ин нуқтаи хуби ибтидоӣ аст.
Ҳамин тавр, “лайк” аксаран чизе ҳаст, ки шумо бо он розиед ва ё чизи зебое ҳаст ва ё он эҳсосро бармеангезад.

“Шарҳ”, одамон шарҳ наменависанд, агар шумо ба онҳо пешниҳод накунед, ки андешаи худро ба миён бигзоранд ва ё савол бидиҳанд. Онҳоро барои вориди муҳокимаю баҳс шудан маҷбур кардан хеле осон аст, агар шумо воқеан ба ҳарфҳои онҳо манфиатдоред.

Хуш, бипурсед, ки вобаста ба ин чӣ эҳсосе доранд, таҷрибаашон чӣ тавр аст – чунин як чизе мухотабонро ба шумо ҷалб мекунад.

Ва ниҳоят, шумо бояд дар ин бора биандешед, ки чаро онҳо «ба иштирок мегузоранд». Одамон муҳтаворо ба ҳамдигар бо чанд сабаб ба иштирок мегузоранд ва ман фаҳмидам ки бештари одамон чизеро ба якдигар қисмат мекунанд, ки касеро водор менамояд худро хуб эҳсос кунад.

Агар твит мегузоред ва аз касе дар он иқтибос меоред пас, ин ӯро маҷбур мекунад ки худро хуб ҳис кунад, ман кафолат медиҳам, ки шумо ретвит мегиред.

Як чизи дигар, ки ба одамон писанд меояд – онҳо мехоҳанд муфид бошанд, аз ин рӯ агар тавонед муҳтавое созед, ки барои дигарон муфид бошад. Чунин матолибро зиёд ба иштирок мегузоранд.

Чизҳои зиёди дигар ҳастанд, ки низ дар сатҳи инсонӣ вокуниш ба бор меоранд. Аз ин рӯ, мо ёди гузаштаро дӯст медорем, ба гузашта нигоҳ кардан ба мо писанд аст. Муфид будан ба мо писанд аст, аз ин рӯ агар муҳтавои муфид доред, онро хуб қисмат мекунанд.

Инчунин шуморо зарур аст, фикр кунед, ки шояд ин чизе ҳаст ки бо он одамон розӣ ҳастанд, чизе ки онҳоро муайян мекунад. Шояд одамоне ки тарафдори ашадии чизе ҳастанд, ба эҳтимоли зиёд муҳтавои таҳиякардаи шуморо ба иштирок мегузоранд, агар дар муҳтавоятон онҳоро зикр кардаед. Аз ин рӯ, дар бораи одамоне фикр кунед, ки манфиатҳое доранд ва ҳам дар бораи гуруҳҳое фикр кунед, ки метавонанд муҳтавои шуморо ба иштирок гузоранд.

Шояд он ҳам аз нигоҳи эҳсосӣ ҷолиб ва ҳам илҳомбахш бошад ва агар чунин аст, пас хеле хуб омода шудааст.

Дар хотима таъкид мекунам, ки аудиторияи худро ҳамеша дар ҷойи аввал қарор диҳед ва худро ҷойи онҳо бигзоред. Оё муҳтавои шумо ҷиҳати ҷолибе дорад? Оё он шуморо нигарон мекунад ва онро ба иштирок мегузоред?

Ва дар хотир дошта бошед, ки ин расонаҳои иҷтимоӣ аст. Мо мавҷудоти иҷтимоием. Аз ин рӯ муҳтавои худро иҷтимоӣ таҳия кунед, танҳо иттилоотро ба одамон интиқол надиҳед, бо онҳо фаъолона мукотиба кунед ва бо онҳо иртибот барқарор намоед.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан