Таҳияи маводи чандрасонаӣ истифодаи шаклҳои мухталифи муҳтаворо дар назар дорад. Агар матни хуб иттилои асосиро расонад, пас акс, садо, видео, инфографика ва дигар василаҳо имкон медиҳанд, ки хонанда ба фазои дар мақола тасвиршуда ворид гардад. Одамон қобилияти тасаввури образҳоро доранд ва шумо бояд тавони муаррифии образҳоро дошта бошед.
Иштибоҳи бузурге содир хоҳед кард, агар ба таҳияи маводи чандрасонаӣ аз рӯи усули “ҳар чи имкон аст, ҷамъ меорам ва маводро таҳия мекунам”, пардозед. Аз ҳамон оғоз бояд сохтореро тартиб дод, ки на танҳо ба расонидани иттилои асосӣ, балки ба интиқоли фазои ҳодиса кӯмак расонад, эҳсоси хонандаро барангезад ва хонанда хоста ё нохоста худро бо қаҳрамони шумо муқоиса кунад.
Вақте сохтори маводро тартиб додед, беҳтар аст, ки онро рӯи коғаз тасвир кунед. Кашидани схема ё нақшаи мавод ба шумо имкон медиҳад, ки маводи ояндаатон чи гуна хоҳад намуд, кадом иттилоъро дар шакли видео, кадоми дигарро дар шакли акс ё инфографика ба хонанда мерасонед ва дар куҷое аз мақола видеову аксу инфографикаро беҳтар аст, ки ҷо кард.
Барои шумо осон хоҳад буд, агар мақоларо ба қисматҳо ҷудо кунед – қисматҳое, ки як фикри воҳидро дар бар мегиранд ва саҳифаи мониторро пур мекунанд.
Тасаввур мекунем, ки шумо барои таҳияи мақола ҳамаи иттилои заруриро ҷамъ овардед ва ҳатто матнро навиштед. Барои банду басти мустақилона шумо метавонед, аз барномаҳое амсоли Mobirise ва Adobe Muse истифода баред. Платформаҳои онлайние амсоли Tilda, Adobe Spark мавҷуданд. Аз барномаҳои дигаре монанди Medium, Яндекс.Дзен, Telegra.ph ва ҳатто «Заметки» (қайдҳо) дар шабакаи иҷтимоии Facebook мешавад истифода кард. Агар шумо дар пойгоҳи CMS WordPress сомонаи худро дошта бошед, пас барномаи Newspaper 9 ҳам имконияти хуби таҳрири маводро фароҳам меорад.
Қисме аз ин барномаҳои муаррифишуда ройгон ва қисми дигар фурӯхта мешаванд. Бархе аз онҳо маҳдудиятҳо доранд. Аз ҳамин хотир пеш аз он ки ба таҳрир пардозед, имкониятҳои барномаҳоро омӯзед. Ман ба шумо машварат медиҳам, ки ба барномаи Mobirise таваҷҷуҳ кунед – ин барнома ройгон аст, дар низоми оффлайн ҳам кор мекунад, аммо барои дуруст кор фармудани он шумо бояд маҳорати кор бо HTML-ро дошта бошед.
Агар платформаҳои муаррифишуда барои визуалӣ кардани сохтори мақолаи шумо пешбинӣ шуда бошанд, пас садо ҳам аҳамияти вижа дорад. Шумо сабти садоии вижаеро бо садоҳои пасманзар ё интершум метавонед таҳия кунед ва онро тарзе танзим намоед, ки ҳангоми боз кардани саҳифаи шумо ба таври автоматӣ ба кор дарояд. Ин корро мешавад, ҳам тавассути василаҳои HTML анҷом дод ва ҳам тавассути хизматрасониҳои дигар.
Садо метавонад, аз мусоҳиба бо одамони алоҳида иборат бошад. Барои ҷо додани онҳо дар мақола шумо метавонед, аз имкониятҳои платформаи SoundCloud истифода баред. Ин платформа имкон медиҳад, ки шумо садои сабткардаатонро дар мақол ҷойгир кунед ва хонанда онро гӯш кунад. Хадамоти SoundCite ҳам ин имкониятро фароҳам меорад. Ин барнома ҷолибтар аст.
Таҳрир ва банду басти мақола ҷо додани ҷузъиёти дигарро дар баданаи маводи шумо дар назар дорад. Барои мисол, ин ҷузъиёт метавонад, акс бошад. Ворид кардани онҳо мушкили зиёде ба бор намеорад ва аз хадамоти мухталифи интернетиӯӣ ҳам зарурати истифода бурдан нест. Аммо агар шумо мехоҳед, ки аз акси қолабӣ маводи интерактивӣ созед, пас аз хадамоти ThingLink.com истифода баред. Ин хадамот имкон медиҳад, ба акс тағйирот ворид созед. Хадамоти Juxtapose бошад, ба хонанда имкони муқоисаи ду аксро фароҳам меорад.
Қадами навбатӣ – сохтани инфографика барои визуалӣ кардани иттилоъ аст. Аз платформаҳои Infogram.com, Easel.ly ва Piktochart.com барои сохтани инфографика истифода баред. Инфографикаи омодашударо шумо метавонед, дар шакли акс ба мақола ворид созед. Аммо агар инфографикаи интерактивӣ сохтаед, беҳтар аст, коди онро дар мақола ворид созед. Кодро дар гӯшаи “embed” пайдо кардан мумкин аст. Ин кодро дар ҷои даркории мақола гузоред ва ҳангоми боз кардани саҳифа инфографика низ боз мешавад.
Ба ҷуз аз хадамоти зикршуда, шумо ҳамчунин метавонед аз барномаи Tableau Public истифода баред. Ин барномаи барои визуалӣ сохтани ҳаҷми бузурги додаҳо хеле мувофиқ аст. Барномаи мазкур дар шакли оффлайн ҳам кор мекунад, вале барои пахши инфографикаи омодашуда шумо ба Интернет ниёз хоҳед дошт. Баъди нашр инфографикаи шумо дар сомонаи Tableau пайдо мешавад ва Embed-коди онро метавонед, аз сомонаи мазкур дастрас кунед.
Платформаи Playbuzz.com низ хеле ҷолиб аст. Дар бархе ҳолатҳо барои таҳриру банду басти мавод ҷойи ҳамаи дигар платформаҳоро мегирад. Аммо аксари вақт платформаи мазкур барои оро додани матнҳо ва саволномаҳо истифода мешавад.
Ҷо додани навор ҳам дар мақола мушкил нест – наворро мешавад, нахуст дар YouTube ва ё Vimeo ҷо кард ва аз онҷо embed-кодро гирифта, дар мақола гузошт. Ман тавсия намедиҳад, ки видеоро дар хостинги худ гузоред, зеро видео ҷои зиёдро мегирад ва ҳангоми тамошои видео аз саҳифаи шумо суръати он кам мешавад ва барои хонанда нороҳатӣ ба бор меорад. Аммо дар YouTube ва ё Vimeo чунин мушкилӣ пеш намеояд.
Дар бархе ҳолатҳо ҳамаи мақоларо мешавад, дар шакли хроникаи интерактивӣ банду баст кард. Хадамоти Timeline JS хроникаҳое месозад, ки шумо дар онҳо матн, акс, видео, расмҳо аз Википедия ваё Твиттерро гузоред. Барои таҳияи маводи комил ҳамин хадамот ба танҳои кофӣ аст.
Хадамоти StoryMap JS ҳам ҳамин қобилиятҳоро дорад. Вале дар ин хадамот шумо маводи худро дар шакли харитаи интерактивӣ бояд таҳия кунед.
Харитаҳои интерактивиро ҳамчунин мешавад, дар хадамоти Google My Maps таҳия кард. Ин хадамот дар харитаҳои машҳури Google сохта шудааст. Бо ёрии ин хадамот шумо харитаи интерактивӣ месозед ва хати ҳаракат, нуқтаҳои ҷойгиршавӣ, минтақаҳои даркориро ишора мекунед.
Дар ин ҳолатҳо ҳам харитаҳои интерактивиро метавонед, тавассути embed-кодҳо ба мақолаи худ ворид созед.
Дар маҷмуъ, шумори бемаҳдуди имкониятҳо маънои онро надорад, ки шумо бояд пайваста дар мақолаҳои худ аз онҳо истифода баред. Нуктаи муҳим он аст, ки набояд аз ҳад гузаронд. Ба ин масъала аз ҷиҳати таҷрибӣ бархурд кунед ва танҳо он компонентҳоро истифода баред, ки барои интиқол додани муҳтавои маводи шумо қобили қабул ҳастанд ва хонандаро ба фазои ҳодисаи тасвиршаванда ҷалб месозанд. Ҳамаи компонентҳои зикршуда бояд хонандаро ба эҳсос оранд ва ҳамраъйиву ҳамдилиро бо қаҳрамонҳои шумо бедор кунанд, на ин ки дар мутолиаи мақола халал расонанд. Бо назардошти афзоиши василаҳои гуногуни сохтани маводи чандрасонаӣ истифодаи онҳо ҳам дар ҷои даркории худ муҳим аст.