Зеркаш кардан
Чоп кардан

Тадқиқоти журналистӣ

Spoiler/Спойлер (click to read/кликните, чтобы прочитать)
Дар ин қисмат перомуни тадқиқоти журналистӣ суҳбат мекунем. Яке аз таърифҳои он – рӯзноманигориест, ки талош мекунад, иттилооти барои ҷомеа муҳимро, ки касе пинҳон карданист, пайдо кунад. Бинобар ин, он кори мушкиле ҳаст, зеро шумо ҳақоиқ, мадорик ва шавоҳидро, ки пайдо карданаш осон нест, ҷустуҷӯ мекунед. (слайд)
Хуш, тадқиқотро чӣ гуна бояд нақшабандӣ кард?
Аввалан, шумо бояд фарзияи худро собит кунед. Ба ибораи дигар, шумо бояд мутмаин шавед, ки зери ҳар мушкил ва иштибоҳ чизе ҳаст, ки мехоҳед онро тадқиқ намоед. Шумо намехоҳед вақту маблағу талоши худро барои коре, ки ба қиссаи воқеӣ буданаш мутмаин нестед, сарф кунед. Ин метавонад бо ёрии чанд шавоҳид, мисли санадҳо, додаҳо ва ё нишондодҳои шоҳидӣ анҷом шуда бошад. Агар бовар дошта бошед, ки онро меарзад, тадқиқ кард, пас фарзия ва ё саволҳоро гузоред. Дар ин бора мисли таҷрибаи илмӣ фикр кунед.
Донишмандон фарзияро пешниҳод карда, бо ёрии санҷишҳо пажуҳиш анҷом медиҳанд, пасон ба ин натиҷа мерасанд, ки оё фарзия дуруст буд ё на. Агар тадқиқоти шумо ба коррупсия дар риштаи варзиш дахл дошта бошад, фарзияи шумо метавонад ин бошад, ки маблағҳои барои варзишгарони олимпӣ ихтисосёфта ба ҷайби маъмурони ришвахор меравад ва чун пардохт ба рекломдиҳандаҳо пӯшиш дода мешавад.  Пасон, дар ҷараёни тадқиқот шумо далел меҷӯед, ки кӣ чӣ кор мекунад, чӣ гуна ва аз кай?

Ба ҳар сурат, ба нақшабандӣ бармегардем. Дар идома бояд бубинем, ки ба кадом манобеъ метавонед дастрасӣ дошта бошед. Оё санадҳое ҳастанд, ки мешавад ба онҳо дастрасӣ пайдо кард? Оё касе ҳаст, ки розӣ шавад дар мавзӯи мавриди назар суҳбат кунад? Оё метавонед чизи ғайримустақиме, масалан эъломияи андозро истифода баред, то нишон бидиҳед, ки маблағҳо куҷо рафтаанд? Шумо бояд муайян кунед, ки ба кадом додаҳо, санадҳо ва шавоҳид метавонед дастрасӣ дошта бошед.

Дар идома, нақшаи буҷаро тартиб диҳед. Ин метавонад як бахши дилгиркунанда намояд, аммо муваффақияти шумо аз он вобаста аст, ки шумо бо дилхоҳ буҷа то куҷо муваффақ ҳастед? Дар тим чанд нафар буда метавонанд? Чӣ қадар вақт метавонед тадқиқотро анҷом диҳед. Оё сафарҳо мешаванд? Оё барои шумо дастгоҳ ва дафтари корӣ лозим аст?

Ҳамаи ин чизҳо бояд дар буҷа нишон дода шавад. Бояд як миқдор пуле ҳам барои захира гузошт, зеро ҳамеша баъзе харҷҳои дарнақшанабуда, монанди сафар кардан, тарҷума ва ё масъалаи амният, пеш меояд. Шумо бояд дарнақшанабудаҳоро ба нақша бигиред.

Қисмати охири омодагӣ – тартиб додани рӯйхати корҳо ва ҷобаҷогузории вазифаҳо мебошад. Тибқи маъмул, тадқиқот ба чанд самт марбут аст, чун иттилоот дар ҳар тараф парешон аст. Ташкили вазифаҳо масъулияти шахсиятҳои алоҳидаро муайян карда, раванди ҷамъоварии далелҳоро бо роҳҳои муназзам ва бо тартиб оғоз мекунад. (слайд) Ончӣ ки ба давраи ҷамъоварии иттилоот вобаста аст, чанд чизе ҳаст ки бояд дар мадди назар дошт. Сайъ намоед, комбинатсияи манобеи аввалиндараҷа ва дуюмдараҷаро дарёфт кунед. Ба ин тартиб, сарчашмаҳои аввал тавсифи мустақими мавзӯъро медиҳанд.

Барои мисол, касе ки бевосита бо коррупсия дар ҳукумат рӯ ба рӯ шудааст, метавонад сарчашмаи асосӣ бошад. Манобеи дигар дуюмдараҷа ҳастанд – мисли коршиносоне, ки таҳлил анҷом додаанд ва ё одамоне ки аз коррупсия зарар дидаанд, аммо онҳо шоҳиди ҳол набудаанд. Хуб аст агар комбинатсияи тамоми ин манобеъро дошта бошем. Он чӣ ки ба додаҳо ва коршиносон дахл дорад, муҳим аст одамоне ҷалб карда шаванд, ки метавонанд ба иттилое, ки шумо ошкор мекунед, сарфаҳм раванд. Як қисми тадқиқоти шумо бояд аз ин иборат бошад, ки дақиқ шавад кадом коршиносон донишҳоеро дороанд, ки барои фаҳмидани санадҳо, додаҳо ва маълумоти умумӣ зарурӣ ҳастанд. Бидуни ин метавонед маълумоти муҳимеро ки чашми закӣ мебинад, сарфи назар кунед.
Дар идома бояд кадом як фосиларо дар фарзияи шумо муайян кард. Дар хотир доред, ки фарзия беҳтарин тахмини шумо дар бораи он аст ки ба андешаи шумо рӯй додааст. Дар ин бора мисли тими ҳуқуқшиносон фикр кунед, ки ба таҳқиқи парвандаҳо машғуланд. Онҳо назарияи мукаммалеро пешниҳод мекунанд, ки ба фикрашон ҳангоми ҷиноят ба вуқӯъ пайвастааст, пасон далелҳоеро пешниҳод мекунанд ки ин назарияро тасдиқ мекунад. Шумо низ бояд айни ин корро кунед. Оё дар назарияи шумо чизе ҳаст, ки маънӣ надорад? Оё кадом маълумоте ҳаст, ки  муамморо пурра кунад? Агар ин камбудҳоро дар тадқиқоти худ маълум намоед, пас метавонед тадқиқот кунед, то ин қисматҳои фарзияи худро устувор намоед.
Ва ниҳоят, бояд фарқи байни тадқиқотҳои босифат ва миқдориро фаҳмид. Агар бо забони сода бигӯем, тадқиқоти миқдорӣ ин пешниҳоди фактҳои муътамад …рақамҳо… мебошад, дар ҳоле ки тадқиқоти босифат ин амалкард ва муносибати одамон ба вазъият мебошад. Ҳамин тариқ, тадқиқоти миқдорӣ шояд нишон бидиҳад, ки бештари ҷавонон кишварро тарк мекунанд, аммо тадқиқоти босифат метавонад назарсанҷии теъдоди зиёди ҷавононро фаро гирифта бошад, ки имкон медиҳад, фаҳмид ки чаро онҳо кишварро тарк мекунанд.
Дар идома шуморо зарур аст, аз таъсиси тим фикр кунед. Агар вақти зиёд надоред, пас шуморо лозим аст ҳамроҳи тим кор кунед. Вазифаҳоро чӣ тавр бояд тақсим кард? Кӣ ба кӣ итоат мекунад ва ҳисобот медиҳад? Оё ба шумо лозим аст ки пайваста ҷамъ шавед ва ё дар алоҳидагӣ кор мекунед? Дар мавриди вазифаҳое, ки ҳангоми таъсиси тими шумо заруранд, фикр кунед.
Ин маро ба бахши дигар мебарад. Шумо эҳтимолан мехоҳед, ки пажуҳишгаронро пайдо кунед. Бовар ҳосил кунед, ки онҳо аз малакаи пажуҳишгарӣ ё тадқиқотӣ, ки ба мавзӯи шумо рабт дорад,  бархӯрдоранд. Мисол, агар ба шумо омӯхтани гузоришҳои тӯлонӣ ва ё додаҳои мураккаб лозиманд, бовар ҳосил кунед, ки пажуҳишгарон ин малакаро доранд. Дар идома коршиносон лозиманд. Бештари мавзӯъҳо ба донишҳои махсуси коршиносӣ ниёз доранд. Бовар ҳосил кунед, ки коршиносони шумо беғараз ҳастанд ва ончиро ки шумо ёфтаед, таҳриф намекунанд.
Ва билохира, дар бораи дастгирӣ фикр кунед. Ин метавонад кори умумӣ дар бораи маъмурикунонӣ ва ё зарурат ба ронанда ва ё тарҷумон бошад. Агар шумо фаромуш кунед, ки дар бораи нафарони дар тиматон буда, фикр кунед, ҳама чӣ метавонад зуд барбод шавад.

Чанд абзори хеле муфид ҳаст, ки метавонед аз онҳо истифода намоед. Қонунгузории маҳаллӣ дар бораи озодии иттилоотро аз назар гузаронед. Оё онҳо метавонанд барои тадқиқоти шумо муфид бошанд. Яке аз хавфҳои тадқиқот ин аст ки шумо иттилооти зиёд доред – ёддоштҳои чопшуда, ёддоштҳои дастнавис ва дигар чизҳое ки дар компютер ҳастанд.

Чизе монанд ба Evernote – василаи беҳтарини якҷоя кардани ҳамаи инҳо мебошад. Тавре аз номаш бармеояд, Evernote на танҳо барои ёддоштҳо, балки барои тартиб додани пайвандҳо ва пайгирии сомонаҳо ва иттилооти муфид низ мебошад. Он дар дастгоҳҳои мобилӣ ва компютерҳо кор мекунад. Oligrapher – абзорест, ки ба ҳампайвандӣ асос ёфтааст. Ҳампайвандӣ миёни одамон. Бо Oligrapher мо дар бораи иртиботи одамони таъсиргузор мегӯем. Кадом миллиардер кадом сиёсатмадорро мешинохт? Баъзан ин метавонад барои нишон додани ин ки чӣ тавр одамон атрофи як мавзӯи муайян пайванд ҳастанд, муфид бошад.
Як абзори воқеан муфиди дигар Openrefine аст. Он ба шумо кумак мекунад додаҳои ифлосро тоза кунед. Openrefine воқеан барои кор бо додаҳои бузург пешбинӣ шудааст. Он ёрӣ мерасонад то иштибоҳ ва ё ҳамон як иттилоот, ки чанд маротиба ворид шудааст, пайдо карда шавад. Агар кутоҳ карда гӯем, он имкон медиҳад, ки ба дақиқии маълумотатон боэътимодтар шавед.
Як абзори дигар, ки мешавад ба он таваҷҷуҳ кард, Linkurious мебошад. Он барои дидорисозии додаҳо зарур аст. Linkurious додаҳои шуморо дар шакли дидорӣ муттаҳид мекунад, ки ин пайдо кардани аномалия ва мушкилотро осон мегардонад.

Хуш, хуллас, тадқиқоти журналистӣ ин пешниҳоди савол ё фарзия, пайдо кардани шавоҳид, ки дар асл чӣ рӯй медиҳад ва пешниҳоди қисса ба тавре мебошад ки хонанда ва ё шунавандаи шумо онро комилан дарк намояд.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан