Зеркаш кардан
Чоп кардан

Ташаккули бренди шахсии шумо

Ба видео дар мавриди сохтани бренди шахсӣ ва  эътибори онлайнӣ хуш омадед. Дар мавриди он мегӯем, ки чӣ тавр бояд ҳузури худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳтар кард – қадамҳое ки барои роҳандозии обрӯву эътибори шумо лозим аст, инчунин баъзе чизҳои дигар, ки бояд ба онҳо таваҷҷуҳ кард.

Spoiler/Спойлер
Ба видео дар мавриди сохтани бренди шахсӣ ва  эътибори онлайнӣ хуш омадед. Ҳамчун рӯзноманигор шумо бояд аз дигарон фарқ кунед.  Ба гуфтаҳои Шумо бояд таваҷҷуҳ карда шавад. Ба шумо одамоне лозиманд, ки бо шумо ҷиддӣ муносибат мекунанд ва ба шумо эътимод доранд. Агар ба шумо боварӣ набошад, пас дар расонаҳои иҷтимоӣ чизе надоред – на аз лиҳози шуҳрату эътибор ва на ҳамчун журналист. Ҳамин тариқ, дар мавриди он мегӯем, ки чӣ тавр бояд ҳузури худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳтар кард – қадамҳое ки барои роҳандозии обрӯву эътибори шумо лозим аст, инчунин баъзе чизҳои дигар, ки бояд ба онҳо таваҷҷуҳ кард.
Ман рӯзноманигори собиқи ВВС (Бӣ-бӣ-сӣ) ҳастам, 15 сол дар бахши хабарӣ кор кардам ва бовар мекунед ё не, аммо он замон чизҳое мисли Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ набуданд. Журналистон танҳо барои расона кор мекарданд, онҳо профили инфиродӣ надоштанд. Агар ба шарте ки шумо ровӣ ё амсоли ин намебудед. Бо зуҳури шабакаҳои иҷтимоӣ журналистон имкон ёфтанд, ки чеҳраи (симо) худро дар Интернет ташаккул бидиҳанд.
Вақте ман барои рӯзноманигорон дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ тренинг мегузаронам, маъмулан мегӯям, ки дар ин бора чун дар бораи чароғи раҳнамо фикр кунед.
Хуш, дар чароғи раҳнамо ранги сурх, зард ва сабз ҳаст. Сурх – ин чизест ки намехоҳед ба ҷаҳониён ошкор кунед. Аз ин рӯ фикр мекунам, нахуст беҳтар аст дар мавриди амният дар кулл ва амният дар Интернет суҳбат кунем. Маълумотеро, ки намехоҳед ошкор шавад, хуб ҳифз кунед.
Маълум аст, ки қисмати сабз ин чизҳоеанд, ки бо хушнудӣ онҳоро ба ҷаҳониён ба иштирок мегузоред ва хурсанд мешавед вақте одамон дар ин бора медонанд.
Қисмати зард бошад, ин як кам рангҳои бештар ва фардият аст. Имрӯзҳо агар шумо фардият ва андешаи хоси худро надоред, дар ин ҳама ғавғои иттилоотӣ бедарак мешавед. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки шумо садову оҳанги худро тақвият бахшед, то кадом як муносибати инсониро бо мухотабони худ барқарор намоед.
Вақте бренди инфиродии худро дар муҳити интернет месозед, пас хеле муҳим аст ки аз саволи “чаро” оғоз кунед.
Чаро ин корро мекунед?

Аз ин кор чӣ ба даст оварданӣ ҳастед?

Дар кадом платформаҳо худро дидан мехоҳед?

Ва ҳадафатон киҳо ҳастанд?

Ба одамон чиро расониданиед, ки онҳо аз ҷойи дигар онро дастрас карда наметавонанд? Чӣ арзишҳое шуморо аз дигарон фарқ мекунонанд?
Ҳангоми сохтани бренди шахсӣ, мутафовит будан ва доштани сухани боэътимод хеле муҳим аст.
Дар навбати аввал бояд мутмаин бошед, ки тамоми профилҳои шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳадди имкон беҳтар насбу танзим шудаанд.
Бояд акси хеле хуб дошта бошед. Бояд мутмаин бошед, ки ҳолномаи шумо хеле содаву фаҳмо аст, зеро одамон пайваста экранҳои худро  давр мезанонанд ва шумо бояд онҳоро боздоред, таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб намоед.
Дидани акси хуб. Калимаҳои фаҳмои калидӣ дар ҳолномаи шумо, ки кӣ будани шумо ва чӣ кор карданатонро мефаҳмонад. Ин хеле муҳим аст.
Бояд фикр кунед, ки дар кадом платформаҳо фаъол мешавед, кадом муҳтавоеро таҳия карда метавонед ва дар кадом ҳаҷм. Чизҳои зиёде ҳастанд, ки дар бораашон бояд фикр кунед. Аммо ин чандон душвор нест. Ин танҳо каме вақту заҳмат мехоҳад.
Яке аз чизҳое ки тамоми рӯзноманигорон ё блогеронро ҳини истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ нигарон мекунад – иштибоҳ кардан ва ё аз даст додани эътиборашон аст.

Бештари мушкил, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезанад, ин иштибоҳи инсонӣ мебошад.

Бинобар ин, ба имлои навиштаатон аҳамият бидиҳед.

Мутмаин бошед, ки далелҳоятон дурустанд.

Асабӣ нашавед, бо одамон баҳс накунед.

Ҳама гап сари таҳкими боварӣ ва дақиқият аст.

Давоми 12 соли ахир, ки ВВС-ро тарк кардам, дар саросари дунё беш аз 6000 рӯзноманигор омода кардам.
Ман Twitter-ро ба бахши хабарии ВВС муаррифӣ кардам ва он замон, дар соли 2008 ин барои ҳама як хабари нав буд. Онҳо ҳамагӣ дар робита ба истифодаи он каме нигарон буданд ва ман ҳамроҳи ҳама онро барои худ кашф кардам. Хавфи иштибоҳ кардан яке аз монеаҳои бузург дар роҳи истифодаи муассири шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ба андешаи ман, шумо бояд дарк кунед, ки чаро ин корро мекунед, аз ин кор чӣ ба даст оварданиед ва чӣ тавр метавонед барои аудиторияи худ муфид бошед.
Оҳанги садои шумо чӣ гуна мешавад? Оё тасмим доред, ки ба чизе тахассус дошта бошед? Шахсан фикр мекунам, ки агар чунин бошад, хеле беҳтар мешавад. Агар чизе ҳаст, ки шумо ба он таваҷҷуҳ доред, метавонед коршиноси ҳамон ришта гардед.
Ва агар шумо муҳтаворо назорат мекунед, қиссаҳо мегузоред, инчунин иттилооте нашр мекунед, ки барои одамони дигар муфиданд, ин маҳз ҳамон чизест ки бо он эътибор ва бренди худро месозед.
Хуш, яке аз суханоне ки мо ба журналистони ВВС мегуфтем: “Беақлӣ накунед”. Ин воқеан тавсияи мо буд. Инчунин, аз нуқтаи назари усулҳои роҳнамоӣ мо мегуфтем: “Агар инро дар эфир намегӯед ва ё агар ба бибиятон ҳам намегуфтед, пас онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нагӯед”.
Пас аз он ки профили худро сохтед ва тасмим гирифтед, ки дар куҷо мехоҳед фаъол бошед, хеле муҳим аст бифаҳмед, ки кадом қиссаҳоро ба одамон нақл кардан мехоҳед. Барои дарк кардан ки одамон чиро бояд аз ман бишнаванд, ин фавқулодда муҳим аст.
Дар хадамоти байналмилалии ВВС тарҳе ҳаст, ки ба талаботи мухотабон асос ёфтааст. Ба мухотабон аз мо чӣ лозим аст.
Ба онҳо иттилои нав лозим аст. Дар бораи рӯйдод ба касе нақл кунед.
Одамон мехоҳанд омӯзанд ва чизи наверо ёд бигиранд. Ҳамин тариқ, ба онҳо чизеро бигӯед, ки намедонистанд. Ба онҳо чанд далели иловагӣ ё маълумоти бештаре дар бораи қисса пешниҳод кунед.
Ба онҳо дурнамо лозим аст. Ҳамчуноне ки он ба тамоми ҷаҳон таъсир гузошта метавонад, он ба одамони дигар таъсир дорад, он ба ман низ таъсир мекунад. Манзараи умумии рӯйдод.
Хуш, се ҷанбае, ки бояд аз онҳо шурӯъ кард: навид бидеҳ, таълим бидеҳ, дурнамо бидеҳ.
Боз як чизи дигар – одамон инчунин мехоҳанд фориғ бошанд. Мехоҳанд ки онҳоро ба тааҷуб биёред. Мо наметавонем ҳамеша ҷиддӣ бошем. Яъне, бояд каме чизҳои шод ва ё ҷолиб ҳам бошанд – ба тааҷуб биёр, саргарм кун. Инчунин мо бояд раванди мавҷудро дунбол кунем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гап аст, одамон дар интернет ба ягон чиз чӣ вокунише мекунанд?
Ва ниҳоят – “илҳом бубахш”. Ин маъние дорад, ки мо ҳама мехоҳем қиссаҳои умедворкунандаро бубинем, мехоҳем бовар кунем ки дар дунё умед ҳаст. Ба ин тариқ, ин воқеан яке аз қиссаҳои иҷтимоиест, ки метавонед дарёфт кунед.
Ба одамон қиссаҳои илҳомбахш писанд аст. Аз ин рӯ, агар метавонед чизи умедворкунандае пешниҳод кунед, ба одамон писанд меояд ва ҳамин тавр боварии мухотабонро ба худ таҳким мебахшед. Ин омезиши қиссаҳо аст. Агар муҳтавои шумо ҳамеша танҳо ҷиддӣ аст, пас он на ҳамеша барои аудиторияи шумо коромад мешавад. Аммо нахуст бояд бифаҳмед, ҳадафатон киҳо ҳастанд. Ин хеле муҳим мебошад.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан