Зеркаш кардан
Чоп кардан

Тавозун ва беғаразӣ суҳбат кунам

Spoiler/Спойлер (click to read/кликните, чтобы прочитать)
Дар ин видео мехоҳам перомуни тавозун ва беғаразӣ суҳбат кунам.
Аввалан, чаро ин хеле муҳим аст? Дар ин бора ба таври зайл фикр кунед. Боварӣ асъори шумо аст. Арзиши он чӣ ки шумо анҷом медиҳед бар ин далел асос ёфтааст, ки одамон ба шумо ё ташкилоти шумо эътимод доранд. Аз худ бипурсед, чаро бинандаҳо ба шумо таваҷҷуҳ доранд? Онҳо ба қаҳтии иттилоот мувоҷеҳ нестанд. Агар касе дар Интернет чизе биҷӯяд ва ё ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шавад, аз шумораи зиёди иттилоот ҳайрон мемонад. Шумо ё лентаи хабарии шумо аз дигарон чӣ тафовут дорад?
Ҷавоб чунин аст: аудитория ба сифати иттилооте, ки шумо пешниҳод мекунед, бовар мекунад. Ин чизе ҳаст ки ба як  хабаргузории мавриди эҳтиром дар баробари иттилои аз ҷониби касе, ки эътимоди мухотабонро ба даст наовардааст, бартарӣ медиҳад.
Бинанда, хонанда ва ё шунавандаи шумо бовар дорад, ки аз шумо иттилоъ ва хулосаҳои дақиқу дуруст мегирад. Ба даст овардани чунин як боварӣ метавонад вақти зиёдеро бигирад, аммо агар тавозун ва беғаразиро риоя накунед, метавонед дар сонияҳои башумор аз он маҳрум шавед.
Хуш, вақте одамон шуморо беғараз фикр мекунанд, чиро дар назар доранд? Ба ин маънӣ аст, ки шумо ангезаҳои пинҳонӣ надоред.
Вақте қисса менависед, танҳо бояд талош кунед, он чиро, ки ба вуқӯъ пайвастааст маълум намоед.
Яъне, бояд тамоми нуқтаи назарҳои мавзӯи худро фаро бигиред. Ҳадаф ҳамин аст. Шумо эҳсосоти шахсии худро дар қисса баён намекунед. Шумо далелу бурҳон ва назарҳои гуногунро баррасӣ ва онро ба мухотабонатон пешниҳод мекунед.
Тасаввур намоед, ки дар иншооти сохтмоние коргарон таҳдид кардаанд, дар пайи шароити бади меҳнат корпартоӣ мекунанд. Шумо агар тахмин мекунед, ки медонед, кӣ ҳақ аст, кӣ ноҳақ ва чаро, пас наметавонед аз пайи ин мавзӯъ шавед.  Ҳатто агар шумо кадом таҷрибаи талх бо ширкатҳои сохтмониро ҳам доштед, наметавонед ба он имкон бидиҳед, ки ба ақли солими шумо соя афканад.
Карл Бернстайн, яке аз рӯзноманигорон, ки ҷанҷоли “Уотергейт”-и ИМА дар солҳои 1970-умро пайваста пӯшиш медод, дар мавриди гузориш таърифи худро дошт. Ӯ гуфт, ки талош кард фарзияи беҳтарини дастраси ҳақиқатро ба одамон пешниҳод кунад.
Мо ҳамеша тамоми далелҳоро дастрас карда наметавонем, аммо талош мекунем бо истифодаи ҳамаи истидлолу зовияҳо ҳақиқатро ба одамон расонем. Яъне, набояд ба ростои хостаҳои шахсии худ танҳо як ҷонибро инъикос намоем ва ё бо сабабҳои шахсӣ ё сиёсӣ мазмунро иваз намоем.
Омили дигари беғаразӣ адами муносибати боғараз мебошад. Оё аудитория бар инаст, ки шумо қиссаро аз рӯи ғараз ё ғайривоқеӣ пешниҳод мекунед? Оё бо кадом як нафаре, ки дар қисса дар борааш сухан меравад, ошноӣ ё наздикӣ доред?
Ҳамеша зираку ҳушёр бошед, то бовар ҳосил намоед, ки ба ин ё он гунае шахси боғараз нанамоед.
Беғаразӣ ба ин маънӣ нест, ки комилан бетараф бошед, яъне ягон хулоса карда натавонед. Шояд шунидаед, агар бархе гӯянд, ки дар кӯча борон меборад ва қисме таъкид намоянд, ки офтобӣ аст… пас вазифаи шумо танҳо ин нест ки назари ду ҷонибро пешниҳод кунед … вазифаи шумо – ба тиреза нигоҳ кардан ва санҷидани ин иддаоҳо мебошад.
Метавонед хулосаи худро пешниҳод кунед, аммо ин корро бояд бидуни ғараз ва ё пешдоварӣ анҷом бидиҳед… хулосаҳоятон бояд ба  тамоми бурҳону далели мавҷуда асос ёфта бошанд.

Ҳамин тавр, мо ба “тавозун” расидем.

Беғаразӣ дар барасии мавзӯъҳо аз нуқтаназарҳо ва зовияҳои мухталиф хулоса мешавад. Тавозун ин аст ки қисса тавре нақл карда шавад, ки ҳар ҷониб имкони ибрози назари хешро дошта бошад.
Фарз кардем, як мавзӯъ дар бораи рушди маркази савдои нав ҳаст. Шояд соҳибони мағозаҳои маҳаллӣ фикр мекунанд, ки маркази савдои нав ба иқтисоди ноҳия хисороти ҷиддӣ ворид мекунад. Аммо таҳиягарони лоиҳа иддао доранд, ки он  иқтисоди маҳаллиро таҳрик медиҳад.
Вазифаи шумо ин аст, ки ҳар ду далелро  бишнавед ва сайъ кунед, ки онҳоро ба чолиш бикашед. Агар далелҳое ҳастанд, ки ин ё он ҷонибро тасдиқ мекунанд шумо бояд дар бораи онҳо низ иттилоъ бидиҳед. Бо ин амал шумо мароқ ва беғаразии худро нишон дода, ҳамзамон ба ҳар ду ҷониб имкони баробари шунида шуданро медиҳед.
Бо ин ҳол, як консепсияи муҳиме ҳаст, ки бояд дар хотир дошт. Агар бештари назар ва далелу бурҳон ба тарафдории яке аз ҷонибҳои истидлол (аргумент) равона шавад, шумо бояд дар ин бора хабар диҳед. Дар ғайри сурат, шумо изҳороти нодуруст хоҳед дошт.
Агар як нафар фикр кунад, ки фардо қиёмат мешавад, аммо бештари одамон бо ӯ розӣ набошанд, шумо набояд ба ҳар ду ҷониб фақат ба хотири риояи тавозун вақти баробар ҷудо кунед.
Яке аз усулҳои дигар, ки бояд дар хотир дошта бошем ин ҳуқуқ ба ҷавоб гуфтан аст. Агар коргарони сохтмони маркази савдо бигӯянд, ки чораҳои амниятӣ риоя нашудаанд, шумо бояд ба ширкат имконият бидиҳед, ки ба ин иттиҳоми ҷиддӣ ҷавоб бигӯяд. Онҳо шояд аз пешниҳоди шарҳ худдорӣ мекунанд, аммо шумо бояд ба онҳо имкони гуфтани ҳарфашонро бидиҳед, то тавозунро дар қиссаи худ риоя намоед.
Хуш, мо дар мавриди инъикоси қисса гуфтем, аммо дар мавриди тавозуни вақти барои ҳар тараф ҷудошуда, чӣ?
Аввалан, шумо ҳамеша бояд беғараз бошед, аммо вақте гап дар бораи тавозун меравад, шумо бояд дар мавриди инъикоси рӯйдод дар кулл фикр кунед. Агар қиссаи мо дар мавриди ду ҳизби сиёсӣ аст, шумо метавонед дар ин бора бигӯед, ки онҳо кадом сиёсатро пайравӣ мекунанд. Аммо муҳим аст, ки аҳамият бидиҳед, дар қиссаи шумо ҳар кадоме аз онҳо чӣ қадар вақтро ишғол мекунанд. Агар ба яке аз онҳо вақти зиёд ҷудо мекунед ва ба дигарӣ тақрибан чизе не, пас барои аудитория ин мутавозин ба назар намерасад.
Чизи дигаре ки метавонад ба тавозун таъсиргузор бошад – садои одамон аст. Вақте шумо меҳмон ё мусоҳибҳои ботаҷрибаро даъват мекунед, оё ҳамон як чеҳраҳоро батакрор гӯш мекунед? Хавф инҷост, ки онҳо вобаста ба мавзӯъ шумораи номутаносиби вақт ва садоро соҳиб мешаванд. Талош кунед, ки ба тавозуни назарҳо ва садоҳо даст ёбед.
Агар бо видео ё аксҳо кор мекунед, дар бораи эффектҳои дидорӣ биандешед. Агар ҳамон як аксро пайи ҳам нишон бидиҳед, метавонад сабаби пайдо шудани тасаввуроти ғалат шавад. Агар шумо пайваста яке аз минтақаҳои бади як шаҳрро нишон бидиҳед, одамон шояд фикр кунанд, ки тамоми шаҳр чунин аст. Қисмати дидории шумо низ қиссаро такмил мекунад, аз ин рӯ бовар ҳосил кунед, ки он мутавозин аст.
Оё қолаби пешниҳодкардаи шумо мутавозин ҳаст? Вақте сиёсатмадорон мушкилро баррасӣ мекунанд, оё барномаи шумо ба тавре дуруст шудааст, ки ҳама шунида шаванд? Оё касе дар вазъи нохуб қарор дорад? Агар ҳа, пас дар мавриди тағйир додани қолаби барномаи худ фикр кунед. Ин моро ба суоли навбатӣ мебарад.
Оё тавозунро бо кадом роҳе андоза мекунед ва инро чӣ тавр анҷом медиҳед? Аввалан, шумо метавонед арзёбӣ кунед, ки як нуқтаназари мушаххас чӣ қадар вақт ва ҷойро мегирад. Ҳангоми интихоботҳо, ки талош мекунем бовар ҳосил кунем ки ҳизбҳои гуногуни сиёсиро одилона инъикос мекунем, ин як падидаи маъмулӣ мебошад. Мешавад инро расмӣ ва ғайрирасмӣ анҷом дод.
Чизи дигаре, ки бояд таваҷҷуҳ кард, интихоби мусоҳибон ё иштирокдорон аст. Оё доираи мусоҳибонатон бузург аст ва оё онҳо миёни нуқтаназарҳои асосӣ мутавозин ҳастанд?
Оё ҳар ҷонибро як хел ба чолиш мекашед? Шумо метавонед аз ду сиёсатмадор мусоҳиба бигиред, аммо агар ба яке аз онҳо суолҳои душвор ва ба дигарӣ саволҳои сода бидиҳед, пас шумо беғараз ва мутавозин буда наметавонед. Чизи охире, ки бояд баррасӣ кард – илова кардани чанд савол ба назарпурсии шумо барои хонандаҳо мебошад. Ин ҳама субъективӣ ҳаст, аммо меарзад маълум кард, ки оё мухотабони шумо эҳсос мекунанд, ки ҳангоми инъикоси мавзӯъҳои асосӣ мутавозин ҳастед?
Имрӯзҳо дар ВАО барномаҳои зиёде ҳастанд, ки беғаразона таҳия нашудаанд. Дар онҳо ровӣ нуқтаназари худро дорад – бархе шабакаҳои телевизионӣ ин равандро нисбатан ҷолиб медонанд. Ин тамоман як баҳси дигар аст, аммо як чизе ки ба аудитория кумак мекунад – нишон додани ин аст ки чӣ пешниҳоди беғарази ахбор дониста мешавад ва чӣ не.
Дар рӯзномаҳо сутуни редаксионӣ мавҷуд аст, ки муаллифон нуқтаназарҳои худро баён мекунанд. Агар маълум набошад, ки чиро беғараз ва мутавозин мегӯянду шоу бо нуқтаназарҳои ошкоро чӣ аст, пас метавонад эътимоди мухотаб ба нашри хабарии шумо канда шавад. Албатта, шумо метавонед гузоришгарони махсус дошта бошед, ки рӯзноманигоронанд ва метавонанд дар мавзӯъҳо блог бидиҳанд ва нуқтаназари худро баён кунанд, аммо онҳо набояд кадом як чизи хосеро тарғиб кунанд. Ҳеч гоҳ ба хонанда, бинанда ва ё шунавандаи худ имкон надиҳед, ки вобаста ба ин ки барнома ё матлаб беғараз ҳаст ё не, нигарон шавад.
Дар охир бояд бигӯям, ки тавозун ва беғаразӣ мафҳумҳои сода, аммо хеле муҳим ҳастанд. Оё ба қисса бо нияти дуруст муносибат мекунед? Оё ба назарҳои гуногун беғараз гӯш медиҳед ва дар бораи онҳо бо пешниҳоди фазои кофӣ ба назарҳои гуногун мутавозин хабар медиҳед?
Мо дар ҷаҳони идеолӣ зиндагӣ намекунем, аз ин рӯ ҳамаи ин сода нест, аммо то замоне ки талош мекунед рӯёдодро воқеӣ инъикос намоед, метавонед боварии мухотабони худро таҳким бахшед.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан