Download
Print

Владимир Тхорик: журналистикаи таҳқиқотӣ ва хусусиятҳои он

Нахуст ҳадди ақал хабар навиштанро бояд омӯхт. Содатарин корҳоро бояд аз худ кард, яъне навиштани гузориш, очерк, анҷом додани мусоҳибаро омӯхт. Рӯзноманигорони таҳқиқотгарро беҳуда нухбагони ин касб унвон накардаанд. Ин гуруҳ рӯзноманигорони таъиноти махсус (спецназ) ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ дар жанрҳои дигар машқ кардаанд. Ба ин тартиб, таҳқиқотгар бояд мактаби қавии рӯзноманигориро гузашта бошад ва танҳо баъди он талоши шомил шудан ба сафи “нухбаҳоро” кунад. 

Ин навъи фаъолиятро ман ба мусобиқаи дав дар фосилаи тӯлонӣ муқоиса мекунам, ки сабр, кори ҳаррӯзаву муназзамро дар давоми моҳҳо ва ҳатто солҳо талаб мекунад.

Тавоноии анҷом додани кори тӯлонӣ – кафили рӯзноманигории муваффақонаи таҳқиқотӣ аст. Муаллифи тақҳиқот бояд ҳунари фаъолияти муназзамро дошта бошад. Рӯзноманигори таҳқиқотгар бо доштани эҳсоси ҳамдардӣ фарқ мекунад, вай одамонро хуб дарк мекунад, ҳисси адолатхоҳӣ дорад. Ин гуна рӯзноманигор унсурҳои парокандаро ба назму тартиб медарорад, тарзи тафаккури мантиқӣ дорад ва ҳамеша дар талоши омӯзиши донишу маҳорати нав аст: хусусиятҳои шахсиятҳо, пойгоҳи иттилоот ва забонҳои нав меомӯзад. Зеро ҳар чи қадар шумо забони бештар донед, ҳамон андоза пойгоҳ ё махзанҳои иттилоотии бештарро метавонед, мутолиа кунед.  

Ҳунари шинохти одамон ва тафаккури мантиқӣ барои таҳқиқотгар аз сифатҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд.

Натиҷаи таҳқиқот ва таъсир ба аудитория

Маълум аст, ки таҳқиқотҳои нашршуда таваҷҷуҳи мақомоти қудратиро ба бор меоранд. Онҳо содиршавии ҷинояте, поймолсозии меъёрҳои ҷамъиятӣ ва ё ахлоқиеро мадди назар мегиранд, ки аз сӯи мансабдоре ва ё гуруҳе аз одамон содир шудааст.

Ба таҳқиқоти шумо хонандагон ва ё бинандагон ҳатман таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ин моли камёфт аст, ки бояд босифат, санҷидашуда таҳия шавад ва ҳафтаҳо баҳсу баррасӣ шавад. Дар бархе ҳолат таҳқиқот давоми солҳо ҳам фаромӯш намешавад.

Таҳқиқоти босифат ба аудитория интихоб кардани иттилоъро меомӯзонад.

Шумори мутолиакунандагони таҳқиқоти босифати рӯзноманигорӣ ҳар андоза зиёд бошад, ба ҳамон андоза шумори одамоне, ки ба рӯзноманигории бидуни дурӯғу дасткории далелу рақамҳо ва озод аз афсонаву ҳангома одат пайдо мекунанд – меафзояд. Зеро хулоса ва ниҳояти рӯзноманигории босифат – ин позаҳри таблиғот, авомфиребии сиёсӣ аст. Чунин таблиғот, мутаасифона имрӯзҳо дар баштаре аз кишварҳо роиҷ аст.

“Шерлок Ҳолмс”-ҳои рӯзноманигорӣ

Дар бисёре аз мавридҳо ин жанри рӯзноманигориро бо фаъолияти детективҳои хусусӣ монанд мекунанд, зеро асоси жанри мазкурро ҷустуҷӯи далелҳое ташкил медиҳад, ки афрод ва ё муассисаҳои манфиатдор аз ҷомеа пинҳон медоранд. Аммо фарқи миёни ин ду навъи фаъолият дар он аст, ки рӯзноманигорони самимии таҳқиқотгар манфиати гуруҳеро пайгирӣ ва бароварда намекунанд, балки дар талоши кушодани муаммо ҳастанд ва манфиати ҷомеаро мадди назар доранд. Тавре ки Де Бург дар соли 2000 навишта буд, фаъолияти рӯзноманигори таҳқиқотгар зоҳиран ба фаъолияти пулис, вакили мудофеъ ва аудиторҳо шабеҳ аст, аммо таҳқиқотгар бештар ҳадафи ошкорсозиро дорад, на таъмини қонунро.

Дар натиҷаи анҷом ва нашри таҳқиқот ба ҳадафи муҳиме амсоли тарбияи ахлоқии аудитория расидан мумкин аст, зеро ҳама гуна таҳқиқот дар ниҳоят бо ошкор кардани ҷиноятҳо тарбияи ахлоқиро мепарваронад.

Мавзуъ барои таҳқиқотро чи гуна мешавад, пайдо кард

Ҳама гуна таҳқиқот, мисли ҳар маводи дигари рӯзноманигорӣ, аз интихоби мавзуъ шуруъ мешавад. Метавонад ҳодиса, падида ва далелҳои ошкоршуда ва ё ошкорнашударо мадди назар овард. Нуқтаҳои зер метавонанд, таҳқиқотро оғоз бахшанд:

  • ҳодиса;
  • рӯйдод;
  • мушоҳида шахсӣ ва тахмину гумонҳ;
  • хабару гузориши расонаҳо;
  • ҳуҷҷатҳо (ҳуҷҷатҳои боз — фармон ва қарорҳои ҳокимияти иҷроия, ҳуҷҷатҳои нимабоз ва пӯшида – ҳуҷҷатгузории сохторҳои тиҷорӣ, ҳуҷҷатҳои истифодаи хизматӣ ва ғайра);
  • изҳороти шахсони расмӣ, аз ҷумла варақаҳои иттилоотии ниҳодҳои давлатӣ ва ё муассисаҳои хусусӣ;
  • овозаҳо;
  • иттилои аз манбаҳои берунӣ ва ё “ташаббускорон” дарёфтшуда.

Марҳилаҳо

Марҳилаҳои омӯзишии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ бо назардошти ҳатмӣ будани ҳалли пайиҳамии муаммоҳо дар ҷараёни таҳқиқот, ба миён меоянд. Аз ҳамин хотир, то замоне, ки як муаммо кушода нашавад, муаммоҳои дигар нокушода боқӣ мемонанд (хулоса ҳосил намешавад).

Марҳилаҳои асосии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ: 

  • тартиб додани нақшаи чорабиниҳо;
  • ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилои ибтидоӣ;
  • кор бо сарчашмаҳо;
  • танзими иттилои ҷамъоваришуда;
  • шаклдиҳии далелҳои исботкунанда;
  • мусоҳибаи генералӣ ё хотимавӣ;
  • ташхиси ҳуқуқӣ;
  • таҳияи мавод.

Кор бо сарчашмаҳои иттилоъ – яке аз асосҳои фаъолияти рӯзноманигорӣ аст. Муҳтаво ва натиҷаи кор аз сифати иттилои ҷамъоваришуда вобаста аст. Ҳама далелу рақамҳое, ки дар мавод ворид мегарданд, ҳадди ақал бояд аз ҷониби ду сарчашма тасдиқ шуда бошанд. Ин ҳадди ақал аст. Сарчашмаҳо метавонанд бештар ва гуногун бошанд. 

Ба сарчашмаҳои боз навъҳои гуногуни расонаҳо: телевизион, радио, нашрияҳо шомил мешаванд. Аммо интихоби расонаҳо ба ҳайси сарчашмаҳои боз начандон қобили қабул аст. Зеро ин ба он маъност, ки рӯзноманигор аз ҳаводису рӯйдодҳо дертар аз дигарон огоҳӣ пайдо кардааст. Интернет ҳам метавонад, сарчашмаи боз ба ҳисоб равад.

Сарчашмаҳои пӯшида

Барои рӯзноманигори таҳқиқотгар хеле муҳим аст, ки дар маводи худ аз иттилои сарчашмаҳои пӯшида истифода кунад. Ифшои иттилои махфӣ – хосияти муҳимтарини ин навъи рӯзноманигорӣ аст. Сарчашмаҳои пӯшидаи иттилоотӣ метавонанд, ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муколамаҳои пӯшидаи интернетиву телефонӣ, пойгоҳҳои махсуси иттилоотӣ ба ҳисоб раванд. Фаъолияти хабарнигории таҳқиқотӣ истифода бурда тавонистани абзорҳои касбии зеринро мадди назар дорад: 

– таҳлили ҳуҷҷатгузорӣ;

– кор бо сарчашмаҳо (омӯзиши бойгонӣ, ҳуҷҷатгузории соҳаи андоз, суратҳисобҳои телефонӣ ва ғайра);

– ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ;

– истифодаи хабарчинон (хабарчиноне, ки дар ивази маблағ хабар мерасонанд ва касоне, ки довталабона ҳамкорӣ мекунанд);

– бо иваз кардани касб фаъолият бурдан (дар рӯзноманигории шӯравӣ инро “Рӯзноманигор касбашро иваз мекунад” меномиданд).

Дарки ин нуқта муҳим аст, ки нашри сабти гуфтугӯҳои телефонӣ, нашри наворҳои махфиёна, оммавӣ кардани муколамаву мукотибаҳо, нашри далелу рақамҳои беасос – ба ибораи дигар он чизеро, ки санҷида нашудааст, мантиқӣ нест, ақл онро қабул надорад – набояд таҳқиқоти рӯзноманигорӣ унвон кард. Таҳқиқотгар ҳамчунин набояд меъёрҳои ахлоқиро ҳангоми фаъолият нодида бигирад. Ба таври қатъӣ бояд бетарафиро риоя кард. Рӯзноманигор набояд аз яке аз ҷонибҳо ҳимоят кунад. 

Рӯзноманигор дар рушди ҷомеа таъсир мерасонад. Беҳуда нест, ки онро ҳокимияти чаҳорум унвон мекунанд. Ҳар рӯзноманигоре метавонад, ба таҳқиқот машғул шавад. Барои ин хоҳиш ва ҳавсалаи расонидани воқеиятро ба одамон бояд дошт, бо беадолатӣ бояд мубориза бурд ва кунҷков буд. Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ барои шаҳрвандон аҳамият ва эътибори зиёд дорад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Download
Print