Зеркаш кардан
Чоп кардан

10 қоидаи амнияти рӯзноманигорӣ ҳангоми фаъолият дар ҳамоишҳои эътирозӣ

Митинг, пикет ва эътирозҳо барои мардуми оддӣ василаи нишон додани норизоияташон аз амалҳои мақомот мебошад. Дар кишварҳои пешрафта ин яке аз абзорҳои муассири демократия ба ҳисоб меравад, аммо дар бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ одамон акнун истифодаи эътирозҳоро барои то мақомдорон расонидани муносибати худ ба ин ё он масоил меомӯзанд.   

Ғолибан чунин эътирозҳо бо бархӯрд бо мақомоти қудратӣ анҷом меёбанд, ки бар асари он шаҳрвандони оддӣ ва журналистон – шоҳидон ва ҳамроҳони ҳамешагии демократияи кӯчагӣ зарар мебинанд.    

Азамат Тинаев, коршиноси расонаӣ аз Қирғизистон, кишваре, ки шоҳиди эътирозҳои оммавии зиёде шудааст ва Мактаби расонаиии CABAR.asia тавсияҳоеро таҳия кардаанд, ки нишон медиҳанд, чӣ тавр кормандони ВАО ҳангоми инъикоси гирдиҳамоиҳо амнияти худро таъмин намоянд.    

#1 Муҳаррир бояд дарк намояд, ки хабарнигоронро куҷо мефиристад

Дар асл, қоидаи ягонае барои инъикоси гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳои оммавӣ вуҷуд надорад. Ҳар як маврид мутафовит аст. Мо инро маҳз барои он рӯзноманигории шадид (экстремалӣ) меномем, ки ҳеч вақт намедонем ба чӣ бояд омода буд.    

Ин ба он маъност, ки қабл аз рафтан ба маҳалли эътироз ва ё амалиёти махсус бояд вазъиятро арзёбӣ кард. Дуруст аст, ки зиндагӣ ҳамеша дар пешорӯи мо монеаҳои нав ба нав мегузорад, аммо аломатҳои мушаххасе ҳастанд, ки нишон медиҳанд, чӣ бояд кард. Муҳаррирон бояд нозукиҳои асосии фаъолият «дар майдон»-ро бидонанд ва бо ёрии он мизони хатар барои рӯзноманигоронро муайян намоянд.      

Танҳо муҳаррир тасмими фиристодани рӯзноманигорро барои инъикоси хабарҳои марбут ба мавзӯъҳои зикршуда мегирад, агар сухан дар бораи фрилансер ё рӯзноманигорони озод наравад.  

Ва масъулияти хавфҳои эҳтимолӣ ва хатарҳо танҳо бар души муҳаррир аст.

#2 Рӯзноманигор бояд “ба забон”-и эътирозгарон гап зада тавонад

Муҳим аст, ки ба гирдиҳамоии эътирозӣ рӯзноманигори ботаҷриба ва ба стресс ё фишор тобовар фиристода шавад. Ва беҳтар мебуд, ки на як нафар. Дар чунин маворид беҳтар аст, дунафарӣ кор кунанд, зеро дар ҳолати зарурӣ тавонанд ба якдигар ёрӣ расонанд.    

Бар илова, бояд дар хотир дошт, ки ҳангоми тазоҳурот метавонад масъалаҳои миллатгароӣ авҷ бигирад. Муҳаррир ҳангоми равон кардани кормандаш ба маҳалли ҳодиса бояд ин нуктаро ба инобат бигирад. 

#3 Ҷинсияти ӯ муҳим нест!

Дар мавриди ҷинсияти журналисте, ки дар маркази ҳодиса кор мекунад, намешавад чизе гуфт. Пархошгариҳо аз ҷониби иштирокдорони ҳодиса метавонад новобаста аз ҷинсияти корманди ВАО ба вуқӯъ пайвандад.  

#4 Пояфзоли пошнабаланд – чизи зиёдатист

Муҳим нест, ки кӣ барои инъикоси гирдиҳамоӣ меравад – зан ё мард, аммо хеле муҳим аст, ки вай вобаста ба авзоъ либоси мувофиқ пӯшида бошад.  

Одатан касе ба чунин майда-чуйдаҳо аҳамият намедиҳад, аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки як рӯзноманигори зан аз раванди гирдиҳамоии эътирозӣ бо пойафзоли пошнабаланд гузориш медиҳад. Ин номуносиб аст, зеро дар ҳолатҳои фавқулодда лозим аст, ки зуд ҷойи ҳодисаро тарк намоед. Бо пойафзоли нороҳат чӣ қадар зуд ва дур давидан имкон дорад?      

#5 Либоси ягона наҷот медиҳад, аммо на ҳамеша

Дар шароити эътирозҳо рӯзноманигорон ба аломатҳои фарқкунанда ниёз доранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо либосҳои махсус бо навиштаи «Press» кофӣ нестанд. Ба сифати василаи иловагии муҳофизати ғайрифаъол барчаспҳо, бозубандҳо ва ё кулоҳҳо бояд истифода шаванд.    

Набояд фаромуш кард, ки либоси махсуси рӯзноманигор метавонад ҳамчунин боиси агрессия аз ҷониби издиҳом ё таҳдидҳои дигар гардад. Махсусан, агар амалҳои гуруҳе инъикос гардад, ки қайриқонунӣ ҳастанд  ва ё аз ҷониби касе маблағгузорӣ шудаанд.

#6 Беҳтар аст, ки тоскулоҳ бишканад, на сар

Тоскуллоҳҳои дучархаронӣ ва ё ҳатто куллоҳҳои сохтмонӣ роҳи хуби пешгирии осеби мағзи сар мебошад. Махсусан, вақте одамон аз миёни издиҳом ба сангпартоӣ шурӯъ мекунанд.  

Аммо рӯзноманигорон на ҳамеша метавонанд бартариҳои тоскулоҳро арзёбӣ кунанд. Ҳолате буд, ки як корманди расонае изҳор дошт, дигар тоскулоҳи дучархарониро намепушад, зеро ҳангоми афтидан вай шикастааст. Инҷо чӣ ҳам метавон гуфт? Ҷавон аз ин вазъ хулосаи нодуруст баровардааст: агар ӯ тоскулоҳ намедошт, сараш мекафид. 

#7 Либосҳо ба сабки низомӣ табу ҳастанд

Ҳангоми инъикоси эътирозҳои оммавӣ ҳама гуна либосу асбобу анҷоме, ки шакли низомиро доранд, қатъиян мамнӯъ аст. Рӯзноманигорон бояд либоси мулкӣ дошта бошанд.

#8 Ба митингҳо бурдани василаи техникии гаронарзиш шарт нест

Бо лавозимоти техникии журналистӣ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кардан лозим нест. Вақте сухан дар бораи издиҳоми хашмгин меравад, ин нуктаро дар хотир доштан муҳим аст. Бояд аз эҳтиёт кор гирифт, зеро мавҷудияти техникаи гаронарзиш метавонад талоши ғоратгариро ба вуҷуд биёрад.   

Мешавад ки бевосита бо телефони ҳушманди худ гузоришро таҳия кунед. Гузашта аз ин, чунин усули хабаррасониро на танҳо журналистон, балки шаҳрвандони одӣ ҳам истифода мекунанд.     

Мо ба тозагӣ дарк ва омӯхтани одоби пахши мустақимро шурӯъ кардаем. Ин абзор дар журналистика чизи нав нест, аммо ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Аксар вақт чунин мешавад, ки наворбардор дурбинро фаъол мекунад ва аҳамият намедиҳад, ки он чӣ сабт мекунад.  

Ба ҳар сурат бояд ҳамеша дар ҷараён буд ва мушоҳида кард, ки дар кадр чӣ иттифоқ меафтад.

#9 Аз забони хусумат парҳез кунед

Муҳтавои журналистӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, як мушкили дигар аст. Дар ҳолати эҳсос ва стресс одамон метавонанд шарҳҳои номуносиб нависанд, ки имкон дорад таваҷҷуҳи носолим ба расонаҳоро барангезад.    

Муҳим аст ба журналистон фаҳмонида шавад, ки то ҳадди имкон беғаразу воқеънигор бошанд ва дар саҳафоти худ кадом як ҳарфҳои барангезандаро истифода накарда, аз забони хусумат парҳез кунанд.   

Мо чунин таҷрибаеро дорем, ки муҳтаво дар мавриди рӯйдодҳои ҷанҷолӣ метавонад сабаби ба додгоҳ кашида шудани рӯзноманигорон пас аз анҷом ёфтани рӯйдод шавад. Яъне, вазъ ба эътидол омадааст, мушкил кайҳо фаромуш шудааст, аммо ба идораи расона шикоят мерасад.

Барои ҳамин, рӯзноманигор бояд амнияти худро на танҳо аз нигоҳи ҷисмонӣ таъмин кунад, балки бояд итминон ҳосил кунад, ки матолиб ва изҳори назари ӯ дар оянда боиси мушкил намешавад.

#10 Қоидаи муҳимтарин

Ҳеч як гузориш ба баҳои ҳаёти журналист намеарзад. Мо наметавонем аз ҷойи рӯйдод биравем, аммо бояд дар масофаи бехатар қарор бигирем.  

Дар касби мо як духӯрагӣ мавҷуд аст: мо мегӯем, ки худро муҳофизат кардан муҳим аст, аммо аз ҷониби дигар ин хавфи касбӣ ҷузъи фаъолияти мо боқӣ мемонад.

Акси асосӣ: RFE/RL

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан