10 январи соли 2021 дар Қирғизистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад. Дар ҳамин рӯз, раъйпурсӣ ё референдум дар мавриди шакли идораи ҷумҳурӣ доир мегардад. Қонун дар бораи баргузории онро чанд рӯз қабл иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов имзо гузошт.
Бар илова, интизор меравад, на дертар аз 1 июни соли оянда дар Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) даъвати VII интихоботи такрорӣ гузаронида шавад.
CABAR.asia ҳамроҳ бо ҳуқуқшиноси расонаӣ Акмат Алагушев ба чанд саволи муҳим дар мавриди чӣ тавр инъикос кардани раванди интихобот аз ҷониби рӯзноманигорон, бо такя ба қонунгузории миллӣ ҷавобҳои мушаххас гирд оварданд.
На дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ пас аз нашри расмии тасмим дар бораи таъини интихоботҳо, ширкатҳои телевизион ва радиошунавонӣ, идораи нашриётҳои даврӣ, соҳибмулкони расонаҳои интернетӣ, ки хоҳиши иштирок дар корзори таблиғотии пеш аз интихоботиро доранд, бояд маълумотнома дар мавриди ҳаҷм ва дигар шароити пардохтро барои вақти эфир ва саҳфаи матбуот нашр карда, ин маълумотро ба Комиссияи марказии интихобот (КМИ) пешниҳод кунанд.
Ба эҳтимоли зиёд тамоми ВАО, ки барои интихоботи парлумонии моҳи октябри соли 2020 сабти ном шудаанд, метавонанд иштирок кунанд.
То оғози расмии корзори таблиғотӣ набояд ба таблиғот шурӯъ кард.
Инъикоси омодагӣ ба интихоботҳо ва фаъолияти КМИ дар ин самт мумкин аст. Инчунин дар бораи номзадҳо маълумоти умумӣ пешниҳод кардан иҷозат ҳаст. Аммо таблиғ кардани номзадҳо, яъне даъват барои овоз додан ба тарафдории ин ё он номзаду ҳизб ва арзёбӣ кардани оқибатҳои интихоб шудани онҳо мумкин нест.
Муҳлат аз он вобаста аст, ки номзади охирин кай сабти ном мешавад. Тибқи қоида, баъд аз анҷоми сабти номи охирин номзад, корзори таблиғотӣ шурӯъ мешавад.
Он як шабонарӯз қабл аз рӯзи овоздиҳӣ ба анҷом мерасад.
Аз 15 декабр дар Қирғизистон маъракаи таблиғотӣ барои интихоботи президентӣ шурӯъ мешавад.
Ин мавзӯи созишномаи хусусӣ миёни ВАО ва ситодҳо мебошад.
Дар ин робита барои журналистон талаботи махсусе вуҷуд надорад.
Гузоришгарони васоити ахбори оммаи хориҷӣ барои инъикоси раванди омодагӣ ва баргузории интихоботҳо тибқи ариза ва ҳангоми пешниҳоди шаҳодатнома дар мавриди аккредитатсия, ки ВКД-и Ҷумҳурии Қирғизистон мутобиқи Низомнома дар бораи аккредитатсияи хабарнигорони ВАО-и кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави кишвар додааст, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот сабти ном мешаванд.
Ҳама гуна иттилооте, ки дар қонуни ВАО пешбинӣ шудааст.
Қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон чунин маҳдудиятро муқаррар накардааст. Ҳар ВАО ҳуқуқ дорад, ки ба ҳавзаи интихоботӣ чанд журналистеро, ки лозим медонад, равон кунад.
Матолиби аксӣ ва видеоӣ аз ҳавзаҳои интихоботӣ бояд бо назардошти сирри овоздиҳӣ таҳия карда шаванд. Яъне, сабт кардани қуттиҳои овоздиҳӣ, варақаҳои овоздиҳӣ ва ғ.ҳ. мумкин нест.
Инчунин маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус вуҷуд доранд.
Ҳар як назарсанҷии сотсиологӣ ҷузъи иттилоотонии маъмулии интихобкунандаҳо маҳсуб меёбад. Аммо ҳангоми нашри он ВАО ҳатман бояд нишон бидиҳанд, ки кадом созмон ин тадқиқотро анҷом додааст, он дар кадом вақт, дар кадом минтақа ва бо кадом усул гузаронида шудааст. Бар илова, нашр кардани номи фармоишгари назарсанҷӣ зарур аст.
Назарсанҷиҳои сотсиологӣ набояд давоми 5 рӯзи тақвимӣ то рӯзи овоздиҳӣ мунташир шаванд.
Моддаи 46-и Кодекси Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо барои паҳн кардани иттилооте, ки шаъну шараф ва эътибори кории номзад ва ҳизби сиёсиро дар давраи таъини интихобот то расман нашр шудани натиҷаҳои интихобот паст мезананд, ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.
Парвандаҳои марбут ба ин модда аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ баррасӣ мешаванд. Аммо аз қарорҳои КМИ танҳо тавассути додгоҳ шикоят кардан мумкин аст.
Бале, КМИ ҳақ дорад дар асоси шикоятҳо, ки онро ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон пешниҳод карда метавонад, чунин тасмим бигирад.
Маълумоте ки ВАО ҳангоми интихобот пешниҳод мекунанд, ба се навъ ҷудо мешаванд: манфӣ, мусбат ва бетараф.
Таври маълум аз матлаби бетараф касе шикоят намекунад.
Маълумоти мусбат метавонад мавриди шубҳа қарор гирад, агар касе дар доираи корзори таблиғотӣ қонуншиканиро сабт карда бошад.
Ва албатта, маълумоти манфӣ аксар вақт сабаби қазияҳои додгоҳӣ мешавад.