#хочуврек: чи гуна тиҷоратро дар ТикТок метавон, пеш бурд ва дар тренд буд?

Шарҳи давраи омӯзиш:

Дар ин давраи омӯзиш шумо бо платформаи ТикТок ошно мешавед ва асосҳои муҳтавоофариро аз мисолҳои беҳтарин ва бадтарини таҷрибаи пешбурди тиҷорат дар ТикТок аз худ мекунед.

Дар доираи давраи омӯзиш шумо интерфейси барнома, алгоритми пешбурд ва инчунин қоидаҳои банду басти саҳифаҳои меомӯзед. Ҳамчунин муаллифон ба шумо стратегияи пешбурди муҳтаво дар ТикТок, василаҳо ва роҳҳои офаридани муҳтаво ёд медиҳанд ва чек-листи бештар кардани шонси шомил шудан ба рӯйхати тавсияҳои ТикТок-ро бо шумо ба иштирок мегузоранд. 

Давраи омӯзиш аз се модул иборат буда, барои 2 ҳафтаи омӯзиш бо назардошти корҳои амалӣ таҳия шудааст. Дарсҳо дар ҳафтаи 3-4 соат (вобаста ба мураккабии қисмати омӯзиш ва кори мустақилона)-ро дар бар мегиранд. Модулҳо аз маърӯзаҳои видеоии то 15-дақиқаӣ бо зерматн, пайвандҳои кӯмакрасон, тестҳо инчунин машқҳо барои кори мустақилона иборат ҳастанд.


Ин давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи Go Viral таҳия шудааст. Ин лоиҳа аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА сарпарастӣ ва аз сӯйи намояндагиҳои дипломатии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мешавад. Онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ амалӣ мекунад. Go Viral ба одамон фурсати ихтироъ, таҳия ва пешниҳоди муҳтаворо фароҳам меоварад. Имкон медиҳад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои нав бо истифода аз фанновариҳои ҷадид бо мухотабонашон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон муошират намоянд.

 
2 ҳафта
Барои оғози омӯзиш сабти ном кунед
Аллакай ҳисоби?
Пурсишномаро гузаред

Шумо чиро меомӯзед?

Интерфейс ва алгоритми фаъолияти ТикТок
Асосҳои банду басти аккаунти тиҷоратӣ
Василаҳои сохтани муҳтаво барои ТикТок
Талабои техникӣ барои видео, лайфхакҳо
Стратегияи пешбурди муҳтаво

Барнома

  • Модули 1

    Дар ин модул шумо бо интерфейси замима ва махсусияти алгоритми ТикТок ошноӣ пайдо мекунед ва ҳамчунин дар бораи он ки аккаунт ё саҳифаи ТикТок (ник, шарҳ, акси асосӣ, ҳештег)-ро чи гуна ороиш диҳед, маълумот мегиред.

  • Модули 2

    Дар ин модул шумо бо василаҳо ва иттилоъ барои коркарди стратегияи пешбурд ва идеяҳо, роҳҳои сохтани муҳтаво барои ТикТок ошно мешавед.

  • Модули 3

    Ин модул ба абзорҳои амалии сохтани муҳтавои босифат ва пешбурди он дар ТикТок бахшида шудааст

  • Тест

Instructors

Саволҳои зиёд такрормешуда