Шумо чиро меомӯзед?
Барнома
-
Бахши 1: Пропаганда чист?
Дар бахши аввал бо мафҳуми пропаганда шинос мешавед, бо истифода аз мисолҳо дар заминаҳои мухталиф нишонаҳо ва ҷузъҳои асосии онро баррасӣ хоҳед кард
-
Бахши 2: Равишҳои аслии пропаганда
Дар бахши дуюм бо равиш ва усулҳои аслии дасткорӣ, ки дар пропаганда ба кор бурда мешаванд, шинос шуда, аз роҳҳои муқобила бо онҳо бархӯрдор мешавед. Инчунин мисолҳои истифодаи ин равишҳоро таҳлил намуда, тарзи муайян кардани онҳоро меомӯзед. Дар охири ҳар дарс мисолҳои муайяне дар шакли тест пешниҳод мешаванд, ки барои таҳкими донишҳои андухтаатон ёрӣ мерасонанд.
-
Бахши 3: Ривоят ҳамчун абзори пропаганда
Дар ин бахш меомӯзед, ки ривоят чист ва дарк мекунед, ки чӣ гуна истифода аз онҳо манзараи ҷаҳони мухотабонро ташаккул медиҳад
-
Бахши 4: Пропагандаи замони ҷанг
Дар бахши чорум бо вижагиҳои пропаганда дар замони ҷанг шинос мешавед.
- Дарси 1: Ривоятҳои асосӣ, ки хоси пропагандаи замони ҷанг ҳастанд
- Дарси 2: Корзорҳои пропагандӣ дар давраи Ҷанги ҷаҳонии якум
- Дарси 3: Вижагиҳои пропаганда дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуюм
- Дарси 4: Пропагандаи замони ҷанг: Намунаҳо ва вижагиҳои муосир
- Дарси 5: Усулҳои пропагандаи Русия дар мисоли Украина
-
Бахши 5: Роҳҳои муқобила бо пропаганда
Дар ин бахш роҳу равишҳои муқобила бо пропагандаро дар сатҳҳои гуногун аз худ мекунед.
-
Санҷиши ниҳойӣ
Instructors

Ольга Юркова
