Download
Print

Анастасия Валеева: Рӯзноманигории додаҳо чист?

Мехоҳед бидонед, ки рӯзноманигории додаҳо чист? 

Ҳар рӯзноманигоре ба ин суол посухи хоси худро дорад. Ҳамзамон афсонаву сардаргумиҳои зиёде дар бораи он мавҷуд аст. Аз ҳамин хотир, биёед аз поён шуруъ кунем. Рӯзноманигории додаҳо – ин маънои мақолаи дорои додаҳои зиёд ва ё мақолаи сар то по иборат аз рақамҳоро надорад; рӯзноманигории додаҳо – ин ҳамеша ва ба таври қатъӣ инфографика ва ё чизи нофаҳмову сангине нест.

Ҳарчанд, дар воқеъ, дар рӯзноманигории додаҳо рақам ҳам ҳаст, инфографика ҳам ва ҳатто мумкин аст, додаҳои зиёде истифода шаванд. Ва ба замин ин, ин навъи рӯзноманигорӣ воқеан мураккаб аст. 

Аммо муҳимтарин нуктаи рӯзноманигории додаҳо, ин дар навбати аввал рӯзноманигориест, ки додаҳоро истифода мебарад.

Маҳз дар яке аз таърифҳои паҳншуда чунин омадааст: Рӯзноманигории додаҳо – ин “ҷамъоварӣ, поккорӣ, шаклдиҳӣ, таҳлил, визуалӣ сохтан ва нашри додаҳо барои маводи рӯзноманигорӣ аст”. Дар ин таъриф қадамҳои асосӣ барои сохтани маводи иборат аз додаҳо баён шудааст. Аммо дар бораи ҳар кадоми онҳо ба тартиб баҳс мекунем.

Қадам ва ё марҳилаи №1. Ҷамъоварии додаҳо

Марҳилаи аввали сохтани мақолаи иборат аз додаҳо – аз ҷамъоварии додаҳо шуруъ мешавад. Вале аз куҷо медонед, ки кадом навъи додаҳоро бояд ҷамъ овард? Ин ҷо ду гузина мавҷуд аст: ё аз ибтидо шумо суоли мушаххас доред, ки мехоҳед ба он аз додаҳо посух пайдо кунед, ё шумо ба додаҳое дастрасӣ пайдо мекунед, ки мехоҳед, аз дохили он иттилои ҷолиб ва заруриро берун оред.

Барои гузинаи аввал шумо метавонед, аз ҳар куҷое илҳом бигиред. Барои мисол, аз руйдодҳои рӯз. Шумо сомонаҳои хабариро боз мекунед ва иттилоъ меёбед, ки дар шаҳри шумо мехоҳанд, мактаби нав бунёд кунанд. Шумо метавонед ин хабарро ба суоле мубаддал гардонед, ки посухашро мешавад, аз додаҳо пайдо кард. Масалан: дар шаҳри мо чанд мактаб ҳаст? Дар ин мактабҳо чанд хонанда таҳсил мекунад? Ва оё сохтани як мактаб масъалаи камбуди синфхонаҳо барои таҳсилро ҳал мекунад? Барои он ки шумо ба ин суолҳо посух пайдо кунед, бояд додаҳои омории таҳсилоти миёнаро ҷамъоварӣ намоед.  

Дар бархе ҳолатҳо додаҳо худ ба суроғи шумо меоянд. Фарз кардем, вазорати маориф ва илм иттилоъ дар бораи шумори хатмкунандагони макотиби олиро дар саросари кишвар нашр кард. Бо нигоҳ ба ин додаҳо шумо ба худ чунин суол мегузоред: кадоме аз касбҳо хатмкунандаи бештаре дорад? Ин падидаи нав аст ё вазъи муътадил? Оё барои ин теъдод мутахассисон бозор муҳайё аст? Қисме аз додаҳоро шумо дар ихтиёр доред, аммо эҳтимол ба додаҳои иловагӣ ниёз пайдо шавад, барои мисол, ба теъдоди ҷойҳои холии кор аз рӯи ихтисосҳо.

Марҳилаи №2. Таҳия ва таҳлили додаҳо

Ҳангоме ки шумо билохира ҳамаи додаҳои лозимиро ҷамъ овардед, эҳтимол бесаброна ба таҳлил ва коркарди онҳо дасту остин бар задан мехоҳед. Аммо набояд шитоб кард, дар ғайри сурат ба иштибоҳҳои зиёде роҳ додан мумкин аст, ки маҷбур мешавед, корро аз сари нав анҷом диҳед. 

Раванди калидӣ ва тӯлонӣ дар рӯзноманигории додаҳо – ин поккорӣ ва шаклдиҳии додаҳо аст. Тибқи қоида, ин корро дар Microsoft Excel ё барномаҳои ба ин монанд, мешавад анҷом дод. Кор бо барномаи мазкурро метавон ба таври онлайнӣ ё дар тренингҳои кор бо додаҳо омӯхт. Дар натиҷа додаҳои шумо “пок” мешаванд, яъне барои таҳлил тавассути компютер қобили истифода мегарданд. 

Компютер чи гуна метавонад, додаҳоро таҳлил кунад? Пеш аз ҳама ин амалиёти содаи риёзӣ аст, ки ҳисоби умумӣ ва арзиши миёна, пайдо кардани саҳм ё тағйир додани нишондодҳоро дар бар мегирад. Фарқ дар он аст, ки компютер ин корро нисбат ба ҳисоббарор (калкулятор) зудтар анҷом медиҳад.

Аммо муҳимтарин нукта инҷо эътибори рӯзноманигорӣ аст: яъне, ин ҳисобҳо барои пайдо кардани посух ба суоли мақолаи шумо чи гуна кӯмак мекунанд. Барои мисол, донистани он ки ба ҳисоби миёна, дар синфхонаҳои мактабҳои шаҳри шумо чанд хонанда рост меояд, бояд ҳамаи хонандагонро ҷамъ кард ва ба суммаи синфҳо тақсим намуд.

Барои донистани он ки кадоме аз синфҳо бештар аз дигарон хонанда дорад, бояд шумори хонандагони ҳар кадом синфро ҳисоб кард. 

Ҳисоб ҳарчи қадар мураккабтар бошад, ҳамон андоза маводи шумо ҷолибтар хоҳад шуд. Барои мисол, бо истифода аз методи таҳлили оморӣ шумо метавонед вобастагии як нишондодро аз дигарӣ пайдо созед. Оё натиҷаи санҷишҳои миллии мактабӣ аз шумори хонандагони синф вобастагӣ дорад ё на? 

Марҳилаи №3. Иртиботи додаҳо

Ҳамакнун, вақте шумо таҳлилро ба охир расонидед ва омодаед, ки маводи худро ба аудитория интиқол диҳед, фурсати муносиб фаро расид, ки калимаҳои қобили қабул, акс ва қаҳрамонҳои мувофиқро барои маводи худ пайдо намоед. 

Дар бораи додаҳо набояд дилсардона навишт, ҳамаи рақаму оморро мешавад, дар пасманзар гузошт. Ва дар матни асосии мақола мешавад, тасвир кард, ки шумо дар додаҳо чи иттилои муҳем пайдо кардед ва ин иттилоъ чи пайомадҳое хоҳад дошт.

Болои ин фикр кунед, ки шумо ба чи гуна коршинос ва қаҳрамон ниёз доред, то мавзуи мавриди баррасиро беҳтару дақиқтар баён кунед. Мумкин аст, қаҳрамони шумо писарбачае хоҳад буд, ки то замоне волидонаш ӯро ба мактаби камхонандатар нагузарониданд, бадтар аз ҳамсинфонаш таҳсил мекард?

Яке аз роҳҳои таҳияи мақола – ин визуалӣ сохтани додаҳо аст. Дар ин сурат донистани усулҳои асосии дизайнерӣ ва маҳорати дуруст интихоб кардани навъи графика муҳим аст. Графикаҳои классикӣ, амсоли сутунҳои диаграмма барои муқоисаи додаҳо ҳаргиз аз муд хориҷ намешаванд. Вале агар шумо мехоҳед, маҳорати худро сайқал диҳед, пас пешниҳодҳои зиёд ва захираҳои онлайние ҳаст, ки дар интихоби графика ба шумо кӯмак мерасонанд.

Барои визуалисозӣ ҳамчунин абзорҳои зиёди онлайнӣ низ, аз ҷумла абзорҳои ройгон мавҷуд аст. Барои навкорон Датараппера (дар сомона блог бо абзорҳо), Инфограм ва барои куҳнакорон кор бо Флориш ва Табло машварат дода мешавад.

Машваратҳо: 

*аз рақамҳо наҳаросед

*кори худро ба марҳилаҳо тақсимбандӣ кунед, аз идея то визуалӣ сохтан

* хабар мутолиа кунед ва талош намоед, баҳонаи хабариро ба суоле мубаддал гардонед, ки посухашро мешавад, дар додаҳо пайдо кард

* ҳисоботҳои таҳлилро мутолиа кунед ва талош варзед, ки ин забон ё тарзи навиштро аз худ намоед

* тавоноиҳои Microsoft Excel аз худ намоед

* агар шумо дар визуалӣ сохтани додаҳо навкор ҳастед, пас аз хадамоти “Datawrapper” истифода баред

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Download
Print