Зеркаш кардан
Чоп кардан

Чӣ гуна бояд маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ кард?

Салом ва ба видео дар мавриди ҷустуҷӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хуш омадед. Ин як мавзӯи васеъ мебошад, аммо шумо бояд андеша кунед, ки чиро пайдо кардан мехоҳед. Эҳтимол он чиро ки таҳқиқ кардан мехоҳед, дар Google ва ё дигар ҷусторҳо ҷустуҷӯ мекунед.

Spoiler/Спойлер
Салом ва ба видео дар мавриди ҷустуҷӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хуш омадед. Ин як мавзӯи васеъ мебошад, аммо шумо бояд андеша кунед, ки чиро пайдо кардан мехоҳед. Эҳтимол он чиро ки таҳқиқ кардан мехоҳед, дар Google ва ё дигар ҷусторҳо ҷустуҷӯ мекунед.
Агар дидан хоҳед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ мегузарад, зуд ба ин сомонаҳо мегузаред. Аммо тафаккур дар мавриди шеваи гуфтори одамон, эҳтимолан яке аз маслиҳатҳои муфиде хоҳад буд, ки ба шумо медиҳам. Дар бораи калимаҳое, ки метавонанд дар Интернет ва ё дар кадом як шарҳи шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шаванд, фикр кунед.
Бархе одамон расмӣ суҳбат мекунанд, вале дигарон бошанд, нисбатан оромтар. Аммо фарқият вобаста ба сину сол ҳам ҳаст, масалан одамони солманд мисли ҷавонон гап намезананд. Онҳо шеваи дигари суҳбат доранд, ки шумо ҳини ҷустуҷӯ кардани чизе бояд аз он истифода намоед ва шояд шуморо лозим меояд, ки калимоти омиёна ва ё забони нисбатан муоширатиро истифода намоед. Аз ин хотир, дар мавриди калимаҳое фикр кунед, ки онҳо истифода мекунанд ва дар ҷӯстор ин калима ВА Ё калимаи дигарро нависед.
Аммо давоми 12 соли ба журналистон омӯзондани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ман фаҳмидам ки бештари онҳо дар асл намедонанд, ки дар Google чӣ тавр чизеро беҳтар ҷустуҷӯ кунанд.  Маҳз аз ҳамин шуруъ кардан мехоҳам.
Аввалин ҷое ки шумо мехоҳед бубинед, эҳтимолан Google аст.

Ҳамеша тасаввур кунед, ки кадом калимаҳоро киҳо истифода мебаранд ва ё кадом калимаҳо метавонанд дар саҳифаҳо бошанд, аз ин рӯ ман эътироз ВА Ё эътирозгарон-ро меҷӯям. Ба эҳтимоли ғолиб ин калимаҳое мебошанд, ки одамон барои истифодаи он чи ки дар Амрико рух медиҳад, истифода мекунанд. Ва натиҷа хеле зиёд аст, чунки ин ягона чизе нест ки ҳоло рух медиҳад.

Хуш, шуморо зарур аст натиҷаҳоро филтр кунед. Масалан шумо метавонед ба сомонаҳои хабарӣ нигоҳ кунед. Инҷо метавонед бубинед, ки хабар куҳна аст, 11 соат қабл нашр шудааст. Хуш, ба «абзор» ворид мешавед ва «охирӣ»-ро ангушт мезанед. Акнун миёни матолиб имкон доред ахбори соатҳои ахирро ҷудо намоед.

Инчунин шумо метавонед охирин тасвирҳоро ҷустуҷӯ кунед. Хуш, инҷо ва ё миёни видеоҳо нигоҳ мекунем. Ҳамин тариқ, ҳамеша лозим аст ки ҷустуҷӯро дар Google филтр кунем. Ман мехоҳам матлаби нашршудаи як соати ахир / 24 соат ва ё эҳтимол диапазони муайянро интихоб менамоем.

Шояд тасмим мегиред, ки ҷустуҷӯро тавассути сайт ва ё ҷойи ҳузур филтр кунед ва ё масалан биёед бубинем ки дар YouTube чӣ нашр мешавад. Таъкид мекунам, ки беҳтар аст дар сомонаҳое мисли YouTube ҷустуҷӯ кунем.

Инҷо мебинем, ки давоми соатҳои ахир дар YouTube видеоҳои зиёде боргузорӣ шудааст. Баъзан ин аз ворид шудан ба худи YouTube дида, хеле осон аст, аммо мутмаин шавед, ки дар дархост миёни калимаи “сайт”, ду нуқта ва YouTube фосила нагузошта бошед. Ин дар Facebook ҳам кор медиҳад.

Аммо дар Facebook шумо танҳо натиҷаҳои умумиро мегиред, на профилҳои шахсии корбаронро. Бо ин вуҷуд, ин муҳимтарин тавсия мебошад ва он барои ҷустуҷӯи рӯйдод хеле муфид аст. Аммо танзимотро, масалан барои 24 соат дуруст кунед. Одамоне ҳастанд, ки гирдиҳамоиҳои эътирозиро ташкил мекунанд. Ҳамин тариқ, илова кардани табақабандии “рӯйдод” роҳи  нисбатан муфидтар аз ҷустуҷӯ дар худи Facebook мебошад.
Хуш, чизҳои зиёде ҳастанд, ки метавонед ҷустуҷӯ кунед. Масалан, ман мехоҳам, ки чизеро дар шаҳри муайяне, мисли Атланта пайдо кунам. Ҳамин тариқ, ман ҳамин ҳоло дар наздикӣ: Атланта гузоштам. Шумо метавонед инҷо дилхоҳ шаҳр ё кишвари ҷаҳонро нависед, то чизи муайянеро дар макони муайян пайдо кунед. Ин метавонад хеле муфид бошад, масалан агар дар минтақаи шумо заминларза ба вуқӯъ пайваст ва ё мехоҳед одамонеро пайдо кунед, ки онҷо буданд. Барои ҳамин ман заминларза менависам, аммо заминҷунбӣ метавонад жаргон ва ё номи нисбатан муносиби гуфтугӯйие барои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад.
Хуш, инҷо заминларза ё ларзишро менависам. Ларзиш маънии ҷунбиданро дорад. Инчунин он маънии бадани ларзида истодаро дорад ва ман намехоҳам дар натиҷаи ҷустуҷӯ он чиро бинам, ки ба ларзидани дасту бадан марбут бошад, аз ин рӯ метавонед калимаҳои номуайянро тоза кунед. Хуш, ман ба калимае, ки мехоҳам дар натиҷаҳо набошад, аломати тарҳ (тире) гузоштам. Акнун метавонед бубинед ки ман танҳо натиҷаҳоерор дорам ки ба заминларзае, ки меҷӯстам, рабт доранд.
Инчунин, агар тасмим гирифтед, ки мехоҳед одамонро дар минтақаи муайян пайдо кунед, фарз кардем ман заминларза дар Перуро ҷустуҷӯ кардам. Аммо онҷо чанд заминларза буд, ки шумораашро дақиқ намедонам. Медонам ки чанде пеш, эҳтимол чанд рӯз пештар. Инчунин шумо метавонед ба забонҳои гуногун ҷустуҷӯ кунед, зеро таври маълум онҷо ба забони дигар ҳарф мезананд. Аммо фарз кардем, ман агар мехоҳам одамонро дар Перу пайдо кунам, метавонистам масалан ба забони испанӣ ва дар Амрикои Лотинӣ ҷустуҷӯ кунам.

Хуш, мо як калима дорем ВА Ё калимаи дигар, мо калимаи номуайянро бардоштем ва дар ҷойи муайян меҷӯем.

Агар ба шумо номи дақиқ ва ё истилоҳи ҷустуҷӯиро ёфтан лозим аст, ки калимаи мушаххасро  дар бар мегирад, масалан мисли “Доналд Трамп” пас, нохунак мегузоред ва ин ба Google нишон медиҳад, ки бояд маҳз Доналд Трампро пайдо кунад. Масалан дар саҳифаи муайян.

Барои мисол, агар ба шумо мақолаҳои илмӣ лозиманд, Google Scholar сайти хеле муфид аст, он барои ҷустуҷӯи коршиносони илмӣ, масалан мақолаҳои илмӣ хеле муфид мебошад. Аммо шумо инчунин метавонед матнро тарҷума кунед. Ман комилан ба Google Translate такя намекардам, аммо он нисбатан хуб аст. Аз ин рӯ, агар ба мисоли эътирозҳо баргардем, агар шумо эътирозҳоро меҷӯед ва мехоҳед маълумотро бо забони дигар пайдо кунед, пас метавонед аз он истифода кунед. Шумо инчунин метавонед онро гӯш кунед. Шумо метавонед тарҷумаро гуш кунед ва ин метавонад хеле роҳат бошад, мисли гӯш кардани видео дар YouTube

Хуш, он ҷойе ки ҳоло мехоҳам ҷустуҷӯ кунам, Twitter аст.

Хуш, ба Twitter.com мегузаред ва вақте онро боз мекунед, дар қисмати рости саҳифаҳо гӯшаи “чӣ мегузарад” пайдо мешавад. Ин қисмати хубе ҳаст, ки ба шумо дар бораи он чӣ дар Твиттер мегузарад, маълумот медиҳад ва маъмулан ин ба хостаҳои шумо, ба одамоне ки шумо онҳоро дунбол мекунед ва ё ба он ҷо ки шумо қарор доред, асос меёбад.

Дар идома бахши «Барои шумо» ҳаст, онҷо инчунин маълумоти зиёди расмие дар мавриди COVID-19 нашр шудааст. Мавзӯъҳои муҳим ба он асос ёфтааст, ки дар куҷо зиндагӣ мекунед ва ҳоло чи чизе маъруф ҳаст. Баъзан ин муфид аст, баъзан актуалӣ нест. Аммо онҳо муфиданд, то донем ки одамон дар чӣ бора суҳбат мекунанд.

Инчунин хабарҳо, варзиш ва ё шавқовар низ ҳаст – аксаран видеоҳо, ки қаҳрамонашон гурбаҳоянд. Инчунин бахши саргармӣ. Хуш, он чӣ ки ба вуқӯъ мепайвандад ба шумо маълумот медиҳад, ки дар Twitter чӣ мегузарад.

Аммо баъди ин ба бахши ҷустуҷӯ мегузаред (он хеле майдача аст) ва мисли Google ба ҷустуҷӯ шурӯъ мекунед – калима ВА Ё калимот. Хуш, ман боз ҳам эътироз ВА Ё эътирозгарон меҷӯям. Ва твитҳои ҳамаро мебинам, на танҳо онҳоеро ки ба саҳифаашон обуна шудаам, балки ҳамаи онҳоеро ки дар бораи эътироз ва эътирозгарон мегӯянд. Аммо ба таври роиҷ он «ТОП» аст, топ бошад, тавре мебинед охирин хабар нест, аз ин рӯ ман «Охирӣ»-ро зер мекунам, то хабарҳои охиринро бигирам. Мебинед, онҷо навишта шудааст, ду сония қабл. Ин охирин твит мебошад, ки дар он калимаи эътироз ё эътирозгарон истифода шудааст.
Аммо ман боз ҳам филтр карданро афзал медонистам. Ҳамин тариқ, агар бо макони ҳузур филтр кунед, маълумоти бештари муфид пайдо мекунед. Ин на ҳамеша дақиқ аст, ман боз ҳам ба Атланта менигарам ва анна, ин одамонро барои он интихоб кард, ки ҳолномаи онҳо гувоҳи он ҷо қарор доштанашон мебошанд. Баъзан дар телефонҳо ҷойи ҳузурашон рӯшан мешавад. Он ҳамеша дақиқ нест, аммо барои ҷустуҷӯи твитҳо дар макони муайян муфид аст.
Хуш, боз ҳам ба ҳадде ки имкон доред, филтр кунед. Ман метавонам тасмим бигирам, ки твитҳои одамони маъмулиро на, балки акканутҳои верификатсияшударо мехоҳам. Ин твитҳои одамоне ҳаст, ки дар паҳлӯи номашон ишораи кабуд доранд – онҳо метавонанд журналист ва ё чеҳраи саршинос, маҷалла, рӯзнома бошанд, Твиттер месанҷад, ки оё онҳо касоне ҳастанд, ки худро муаррифӣ кардаанд. Ин манбаи нисбатан боэътимод аст.
Аммо ман инчунин метавонам акс ва ё видеоро бо нишон додани филтрҳои гуногун тамошо кунам. Барои дарёфти натиҷаи дақиқи ҷустуҷӯ ин хеле муҳим аст. Ҳамин тариқ, агар хоҳед, метавонед чанд калимаи гуногунро ворид кунед.

Агар ман хоҳам донам ки оё кадом як одами мушаххас дар бораи чизе ҳарф задааст, масалан, realdonaldtrump ин аккаунти президент Трамп ҳаст. Ман дидам, ки оё ӯ ҳамин ҳоло чизи вобаста ба эътироз ё эътирозгаронро истифода кардааст, шумо мебинед ки ин твити куҳна аст. Ин сабти куҳна аст, ӯ дар Твиттер дар мавриди эътироз ё эътирозгарон нанавиштааст.

Дар бораи калимаҳое фикр кунед, ки ӯ метавонад дар Твиттер бинависад. Барои мисол, биёед бубинем ки ӯ масалан дар бораи муҳоҷирон чӣ гуфтааст. Ин хеле роҳи хуби муайян кардани он аст ки сиёсатмадор дар бораи чизе дар гузашта чӣ гуфтааст ва ё дар бораи он ки одамон дар бораи чизе чӣ фикр мекунанд. Ва ин ҳамчунин як ҳушдор ба мо аст, ки аз он чи ки дар Твиттер менависем, эҳтиёткор бошем, зеро ҳар вақт мешавад онро пайдо кард.

Агар шумо мехоҳед одамонро пайдо кунед, ворид кардани ин филтр хеле муфид аст. Шояд ман таърихшиносеро меҷӯям, пасон тугмаи «Одамон»-ро зер мекунед ва онҷо ҳамаи онҳоеро мебинед, ки калимаи «таърихшинос»-ро дар ҳолномаашон истифода кардаанд.

Ин роҳи хеле осони пайдо кардани мутахассисон ва одамоне ҳаст, ки шумо мехоҳед бо онҳо суҳбат кунед, онҳо дар риштаи муайяне коршинос ҳастанд, аммо ба шарте ки дар профили худ тахассусашонро зикр карда бошанд.

Шояд мехоҳед ки бархе журналистонро пайдо кунед. Ва ин корест ки бояд анҷом бидиҳед, то шуморо тавонанд пайдо кунанд – калимаҳои калидиро дар ҳолномаатон ворид кунед. Хуш, инҷо ташкилотҳои журналистӣ ва журналистони алоҳида ҳастанд. Ин барои шумо абзори муҳим аст агар мехоҳед, ки шуморо пайдо кунанд.

Агар чизеро натавонистед анҷом диҳед, ба бахши «Бештар» биравед. Баъдан ба «Маълумот» ворид шавед, онҷо ба шумо маълумоти кофӣ пешниҳод мешавад, ки чӣ тавр бояд дар твиттер ҷустуҷӯ кард.

Instagram манбаи фавқулодда муфид барои журналистон дар ҳамин шабу рӯз мебошад. Аксу видеоҳои олӣ дорад, аммо онҷо танҳо аз рӯи ном ва макони ҳузур метавонед ҷустуҷӯ кунед. Ҳарчанд, дар асл ман бо истифодаи ҳаштаг ҷустуҷӯ мекунам.

Хуш, метавонед бубинед, ки ин ҷо ҳаштагҳои #NewYork, #NewYorkCity ҳастанд, аммо ман эътироз ҷустуҷӯ мекардам ва ин на муҳтавоест, ки ман мехостам. Фикр кунед, ки касе муҳтавои худро чӣ тавр тэг мекунад.

Ҷорҷ Флойд номи нафарест ки аз ҷониби пулиси амрикоӣ кушта шуд ва ман одамонеро меҷӯям, ки дар ҳоли ҳозир эътироз мекунанд. Ҳамин тариқ, #GeorgeFloydprotests ва ё эътироз дархости муайяни ҷустуҷӯӣ мешавад ва инҷо ман ҳаштагҳои пайвастаеро мебинам, ки бояд ҷустуҷӯ кунам, масалан  #ripGeorgeFloyd, #nojusticenopeace. Ҳаштагҳои зиёде барои ҷустуҷӯ ҳастанд.
Бо назораи инҷо ман шояд мехоҳам ки каме видео тамошо кунам, инҷо метавонам дар бахши қиссаҳо бубинам. Вақте ба сторис нигоҳ мекунед, дар боло ном ё ники ҳар нафар навишта шудааст, аз ин рӯ агар ман видеои касеро гирифтанӣ бошам, масалан ман метавонам ба корбар @Leslielove муроҷиат кунам ва пурсам ки оё метавонам ин видеоро истифода барам. Иҷозат гирифтан хеле муҳим аст. Ҳамин тариқ,  Instagram барои журналистон хеле муфид аст.

Хуш, ин як муқаддимаи кутоҳ дар мавриди ҷустуҷӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман ҷустуҷӯ дар интерент буд.

Вақте шумо ба чӣ тавр анҷом додани ин кор одат мекунед, онро хеле тезтар иҷро менамоед. Аммо ман гуфтанӣ ҳастам, ки як маслиҳати муҳим ҳифз кардани дархостҳои пайвастаи ҷустуҷӯӣ мебошад. Зеро ҳамчун журналистон мо мебинем, ки ҳамон як қиссаҳо такрор ба такрор нашр мешаванд. Аз ин рӯ, агар шумо нусхаҳои гуногуни ҳамон чиро ки одамон менависанд ҳифз намоед, дар оянда боиси сарфа гардидани вақти зиёдатон мешавад.

Воқеан, ман танҳо перомуни якчанд сомонае гуфтам, ки шумо метавонед барои ҷустуҷӯи қиссаҳо ва шоҳидони ҳол истифода намоед. Низомҳои зиёди махсус, харитаҳо ва абзорҳои гуногуни дигар низ вуҷуд доранд. Аммо ин ибтидои хубест.

Ҳамин ки шумо асосҳои ҷустуҷӯро азбар кардед, метавонед малакаҳои ҷустуҷӯии худро беҳтар намоед.

 

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан