Метавонед ба ин суол посух диҳед, ки: рӯзноманигории сулҳофар ва ё рӯзноманигории сулҳ чист, дар таҷрибаи байналхалқӣ он чи гуна ном бурда мешавад?
Ин – рӯзноманигории мусбат аст?
Ин – нарм кардани низоъ бо ёдоварӣ аз таърих аст, ки дар гузашта ҳукуматҳои чи гуна мушкилотро ҳал мекарданд?
Ва ё ин – тавозуни далелу назарҳоест, ки бо риояи пайи ҳам зикр кардани ҳаводиси мавзуи мавриди инъикоси шумо пешниҳод мегардад?
Ҳеч кадоме аз се саволи пешниҳодии боло рӯзноманигории сулҳофарро тафсир намекунад, балки ин навъи рӯзноманигорӣ усулҳои дигар дорад.
Қоидаи се «НА» дар рӯзноманигории сулҳофар:
– Нарму сабук НАкардани низоъ; – НАҷустани гунаҳкори низоъ; – Паҳну таблиғ НАкардани ақидаву даъвое ҳамчун ҳақиқати мутлақ.
Рӯзноманигории сулҳофар ба муҳаррирон ва хабарнигорон ҳангоми инъикоси мавзуҳои марбут ба низоъ имкони ИНТИХОБ-ро фароҳам меорад, яъне тасмим гирифтан, ки кадом далелҳоро дар чи шакле манзури аудитория гардонид, ки дар зеҳни хонанда/бинанда/шунаванда роҳи ҳалли бе хушунати низоъ пайдо гардад. Низоъ дар хабарҳои ҳаррӯзаи расонаҳо зиёд зикр мешавад ва маъмулан одамон ба ин хулоса мерасанд, ки хушунат алайҳи низоъ роҳи ҳалли дурусти барқарорӣ ва муҳофизати сулҳ аст.
Ин маънои онро дорад, ки бо назардошти серхонанда будан ва зиёд нашр шудани хабарҳои ҳангомасозу низомӣ дар расонаҳо, нақши рӯзноманигории сулҳофар боло меравад. Рӯзноманигорон вазифадоранд, ки одати таҳқиқ, баррасӣ ва барқарории гуфтугӯро аз худ кунанд то ин ки роҳҳои густариши гуногуни низоъ, ҷанг ва ё хушунатро инъикос намоянд ва ба ин тартиб, афкори иҷтимоиро барои рӯи даст гирифтани ташаббусҳои сулҳофар шакл диҳанд.
Рӯзноманигории сулҳофар – ин рӯзноманигориест, ки муҳаррир ва хабарнигор интихоб мекунанд, чи чизро ва чи гуна ба аудитория бирасонанд, то ҷомеа ҳалли низоъро аз роҳи бидуни хушунат баррасӣ кунад.
Дар таърихи рӯзноманигории байналхалқӣ чанд ҳолате ёд мешавед, ки расонаҳоро дар аланга задани оташи ҷанг айбдор мекунанд. Ва дар бештари мавридҳо ин гуна айбҳо ё ба носаҳеҳ инъикос кардани низоъ рабт дорад ва ё ба дуруст насанҷидани иттилоъ.
Аз ҳамин хотир усулҳои рӯзноманигории сулҳофар ба мо имкон медиҳад, ки ҳангоми инъикоси печидатарин мавзуҳо, аз ҷумла низоъҳои байниқавмӣ, байнимазҳабӣ, дохилимазҳабӣ, байнигуруҳӣ ва иҷтимоӣ аз равишҳо ва усулбҳои эҷодӣ кор бигирем.
Абзорҳои рӯзноманигории сулҳофар барои инъикоси низоъҳои зер истифода мешаванд:
- байниқавмӣ
- байнимазҳабӣ
- дохилимазҳабӣ
- байнигуруҳӣ
- иҷтимоӣ
Усулҳои рӯзноманигории сулҳофар:
Самтгирӣ сӯи сулҳ
Қоидаи нахустин ва муҳимтарин: агар шумо яке аз ин гуна низоъҳоро инъикос мекунед, пас бояд мавзуъро тавассути 3 аспекти асосӣ баррасӣ намоед:
а) ҷонибҳои низоъ кӣ ҳастанд
б) ҳадафи ҷонибҳои низоъ чист
в) чи мушкилиҳое боис шудааст, ки ҷонибҳоро ба низоъ кашонидааст.
Аз одамон бипурсед: низоъ ба зиндагии рӯзмарраи онҳо чи таъсир расонидааст, чи тағйиротеро хоҳонанд ва оё мавқеъгирии роҳбари онҳо мавқеи ягона ва беҳтарин аст?
Ва ниҳоят, танҳо бо овардани нақли қавли роҳбарон ҷонибҳоро муаррифӣ накунед.
Истифодаи ин қоидаҳо дар ташкили самтгирии “бебохт”-и маводи шумо – самтгирие, ки барои ҳар ду ҷониби низоъ қобили қабул аст – кӯмак мекунад ва барои ҳалли низоъ замина мегузорад. Ин маънои онро дорад, ки шумо ба ҳар ду ҷониби низоъ аҳамият қоил мешавад ва дар маводи шумо ҳар ду ҷониб “пирӯз мешаванд”. Ба ин тартиб, шумо тавозунро ҳосил ва риоя мекунед.
Барои мисол, миёни гуруҳҳои иҷтимоии одамон низоъ бархост: миёни сокинони шаҳраке, ки дар баландошёнае дар наздикии боғе зиндагӣ мекунанд ва барои ҳифзи замин, муҳити зист мубориза мебаранд – аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар – муҳоҷирони дохилӣ, ки дар бозор кор мекунанду бе хона ҳастанд ва ба хизматрасонии тиббӣ дастрасӣ надоранд. Ин муҳоҷирон дар фасли тобистон дар боғ ҷо гирифтаанд, зеро дар наздикии боғ бемористон мавҷуд аст ва фарзандони онҳо барои табобат ба бемористони мазкур бурда мешаванд. Сокинони маҳаллӣ зиддият нишон доданд ва низоъ бархост.
Шумо вазифадоред, ин ду мушкилро то ҳадде бо риояи тавозун инъикос намоед, ки аудитория ниёзҳои ҳар ду ҷонибро дарк намояд.
Самтгирии бидуни бохт ҳамзамон маънои онро дорад, ки бояд фазои бозе барои баррасии низоъ – ҳамчун як мушкил ё проблема – фароҳам оварда шавад ва таваҷҷуҳ ба сар задани низоъ ва пешгирии пайомадҳои эҳтимолии он ҷалб гардад. Пайомадҳои низоъ метавонанд, бемориҳо, захмҳо, хушунат ва зарарҳои сохторӣ, фарҳангӣ ва экологӣ бошанд.
Самтгирӣ ё такя ба далел
Усули дувуме, ки шумо бояд бар асоси он фаъолият намоед – ин қатъиян такя кардан ба далел ва ошкор кардани дурӯғу найранги ҳамаи ҷонибҳо аст. Бо такя кардан ба далелҳо шумо бояд аз ҳар ҷониб далелҳои баробарро қабул ва тафтиш кунед.
Дар мавриди инъикоси низоъи иҷтимоӣ, найрангҳои эҳтимолӣ метавонанд, одамон ва ё неруҳои сиёсие бошанд, ки пушти ҷонибҳои низоъкунанда пинҳон шудаанд ва комилан ҳадафҳои дигар: эҳтимол, ҳадафҳои тиҷории сарватмандеро амалӣ кардан мехоҳанд. Ҳамаи инро шумо бояд тавассути омӯзиши амиқи далелҳо ва иттилои ҷамъоваришуда таҳлилу баррасӣ намоед.
Самтгирӣ ё такя кардан ба омма ва одамони одӣ
Қоидаи севуми рӯзноманигории сулҳофар – ин самтгирӣ ё такя кардан ба омма ва одамони одӣ аст.
Садои гуруҳҳои маргиналӣ ё ба ҳошия рондашуда, ақалиятро инъикос намоед ва аз миёни онҳо афродеро пайдо кунед, ки сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он гуруҳ, худро “сулҳхоҳ” муаррифӣ мекунанд. Дар ин сурат гузориш ё маводи шумо таъсири дигар хоҳад дошт.
Аз таҷрибаи шахсии худам мисол меорам.
Яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Ӯши Қирғизистон дар давраи воқеаҳои июнии соли 2010. Акс: Инга Сикорская/IWPR
Замони хушунатҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон дар соли 2010 ман дар вилояти Ӯш будам ва аз онҷо гузориш таҳия мекардам. Ман миёни одамони одӣ афродеро мушоҳида кардам, ки зарфияти лидер ё сарвар буданро доштанд ва метавонистанд, барои ба сулҳу созиш овардани ҷонибҳо нақш бозанд. Ин афрод, сарфи назар аз он ки ба ҷонибҳои гуногун мансуб буданд, метавонистанд ба гуруҳҳои муқобили худ дар сатҳи баробар гуфтугӯ ва онҳоро мутақоид кунанд. Тасмимҳо ва ҳаракатҳои онҳоро дар амри қатъ кардани хунрезӣ пайгирӣ карда, бо эшон суҳбат кардам ва мақолае таҳти унвони «Қаҳрамонҳои васфношуда, ки лаҷоми оммаи Қирғизистонро дар даст доранд». Ҳамчун хулоса пешниҳод шуда буд, ки барои пешгирӣ аз авҷ гирифтани хушунат аз усулҳои миёнаравӣ истифода шавад. Дар натиҷаи такя кардан ба афроди ҷасур ва дорои хусусиятҳои сарварӣ дар мақолаи таҳиякардаи ман, таваҷҷуҳи аудитория ба сулҳу созиш ҷалб шуд ва мақомот ҳам василаи маҳаллии ба танзим даровардани низоъро пайдо карданд.
Такя кардан ба ҳалли мушкилӣ
Сулҳ = хушунат + эҷодиёт
Ҳамакнун мерасем ба усули охирин – чаҳорумин усули рӯзноманигории сулҳофар. Ин усул ТАКЯ КАРДАН Ё САМТ ГИРИФТАН СӮИ ҲАЛЛИ МУШКИЛ ном дорад. Ба ин маъно, ки мо дар маводи худ метавонем, аз формулаи зерин истифода кунем: Сулҳ = хушунат + эҷодиёт.
Ба худ суол диҳед, ки “барои фурӯ нишондани низоъ чи коре метавонам бикунам?” Яъне, барои танг кардани доираи низоъ, фурӯ нишондани ташаннуҷ, гузариш ба раванди сулҳ чи хидмате метавон кард. Бовар кунед, ин рисолати нек аст! Ҷавоби суоли боло чунин аст, ки тавассути эҷод ва таҳияи мавод шумо метавонед, ба аудитория ҷанбаҳои норушани низоъро бирасонед. Яке аз роҳҳои амалисозии усули мазкур “даст ёфтан ба ҷониби муқобил” ном дорад. Рӯзноманигорони касбӣ ва бо таҷриба тавассути пайдо кардани мушкилоти умумӣ ва масоили муштараки ду ҷониби даргир барои ҳалли низоъ кумак мерасонанд.
Гуфтугӯҳо роҳро барои ҳалли созишомези низоу баҳсҳо боз мекунанд. Акс IWPR
Барои намуна, ин масоил метавонанд, равишҳои муштарак дар ҳалли мушкилоти муҳитзистӣ, ояндаи тиҷорат, дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ ва ё усули нави кишоварзӣ бошанд. Ва таърих ҳам аз масоиле ҳикоя мекунад, ки ҳар ду ҷониб метавонад, ба он такя кунад.
Дар мисоли низоъ байни сокинони бинои баландошёна ва муҳоҷирони дохилии бесарпаноҳ, мумкин аст, касеро аз ҳисоби сокинони баландошёна пайдо кард, ки миёни истиқоматкунандагон нуфуз дорад ва метавонад, бо миёнаравӣ байни муҳоҷирон ва масъулини ҳукумати маҳаллӣ мушкилии ҳар ду ҷонибро ҳал кунад. Ҷойгиршавии муҳоҷирон дар боғ – танҳо баҳонае барои низоъ аст!
Ва дар ниҳоят, рӯзноманигории сулҳофар қоидаи асосии инъикоси мавзуҳои ҳассосу низоъбарангезро бояд риоя кунад: ҳеч гоҳе забони душманонаро нисбати ҳеч кадоме аз ҷонибҳои низоъ истифода набояд бурд.
Аз истифодаи калимаҳои эҳсосбаренгез барои тасвири саргузашти одамон ХУДДОРӢ варзед.
“Генотсид” – маънои қатли омми мардумро дорад.
“Мусибат” – шакли фоҷиае аст, ки иштибоҳ ва ё сустиродагии нафаре боиси маргу мир мешавад.
“Куштор” – қатли тарҳрезишудаи одамони бесилоҳ ва бе пушту паноҳ аст.
“Бераҳмона”, “ваҳшиёна”, “барбариёна”, террорист, фанатик, тундгаро, бунёдгаро ҳам набояд бесабабу беҷиҳат истифода бурд.
Ин навъи баёни бадбинона ҳамеша ҳангоми ҳарф задан дар бораи гуруҳи муқобил истифода мешавад. Истифодаи ин навъи вожаҳо аз сӯи рӯзноманигор маънои онро дорад, ки аз яке аз ҷонибҳо ҳимоят мекунад. Яъне, маънои риоя накардани бетарафӣ ва холис набуданро дорад.
Машқ
Акнун талош кунед, ки дар асоси унсурҳои рӯзноманигории сулҳофар машқе анҷом диҳед. Ду хабарро таҳлил намоед ва хулоса бароред, ки кадоме аз онҳо ба талаботи рӯзноманигории сулҳофар посухгӯ нест. Чаро? Номгӯи суолҳоеро нависед, ки барои шумо норушан ҳастанд.
Скачать упражнение миротворческая журналистика