Ҳамарӯза дар васоити ахбори омма садҳо хабари мухталиф ба нашр мерасад. Дар ин сели иттилоотӣ баъзан матлабу мақолаҳое аз назарҳо дур мемонанд, ки сазовори таваҷҷуҳи бештар ҳастанд, зеро ба ҳаёти кишвар таъсири ҷиддӣ доранд.
Аммо таваҷҷуҳи хонандаро чи гуна мешавад, ба ин гуна мавод ҷалб кард? Дараҷаи аҳамиятнокии онҳоро чи гуна бояд шарҳ дод? Бояд таваққуф намуд ва болои мавзуи муҳим ҷиддан кор кард! Муфассал, тавассути ҷузъиёт, собиқаи мавзуъ, муқоиса, назари коршиносон ва гуруҳҳои мухталифи манфиатдор. Маводи таҳлилӣ ҳамин аст.
Тавассути он мо, рӯзноманигорон, на танҳо ба аудитория умқи масъаларо нишон медиҳем, балки ба фикру тааммул атрофи далелҳо водор мекунем ва муносибатро нисбати мавзуи мавриди баррасӣ ташаккул медиҳем. Натиҷаи идеалӣ – ба вуҷуд овардани баҳс атрофи мавзуъ дар ҷомеа ва пайдо кардани роҳи ҳалли муштараки масъала хоҳад буд.
Таҳлил аз чӣ шуруъ мешавад?
Албатта, мавзуи интихобшуда бояд манфиати доираи васеи одамонро фаро гирад ва муҳим бошад. Манбаи тамомнашавандаи мавзуҳо – фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мансабдорон, ки аз уҳдаи иҷрои масъулиятҳояшон намебароянд ва ё аз мансабу мақом сӯистифода мекунанд. Дар натиҷа ин рафтори онҳо ба сифати зиндагии шумори зиёди одамон таъсир мерасонад.
Ҳамзамон, сарчашмаҳои зер ҳам метавонанд, мавзуъ тавлид кунанд:
- Ҳисоботҳои таҳлилӣ
- Гузоришҳо
- Суханрониҳо ва баромадҳо
- Гузоришҳои ҷамъбастӣ
- Назарпурсиҳо
- Натиҷаҳои мониторинг
- Омор ва нишондодҳои расмӣ
Дар қадами баъдӣ ба омӯзиши амиқи мавзуъ мепардозем. Ҳар чи беҳтар ворид шавем ва омӯзем – ҳамон андоза маводи беҳтар таҳия хоҳем кард.
Дар фаъолияти рӯзноманигориам ман гоҳҳо ба чунин зиракӣ даст мезанам: назар ба ин ки омор ва сарчашмаҳои расмиро омӯзам, беҳтар медонам, дар форумҳои махсус ширкат варзам ва дар шабакаҳо баҳсу гуфтугӯҳоро мутолиа кунам. Дар ин ин гуна фазову маконҳо манфиатҳо, назарҳо ва назокатҳое ба таври дақиқу бепарда дида мешаванд, ки одамонро бештар ба ташвиш овардаанд. Амалан, ин омӯзиши аудиторияи мавриди ҳадаф ё мухотабони асосӣ аст. Дар ин фазову макон одатан “қаҳрамонҳо” барои маводи мо ҳузур доранд коршиносону мутахассисонро ҳам мешавад, аз ҳамон ҷо пайдо кард.
Ҳамчунин имкон дорад, ки назарпурсиеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ кард. Корбарон дар бештари вақт шарҳҳои ҷолиб менависанд ва кӯмак мекунанд, ки ба масъала аз даричаҳои мухталиф назар карда шавад.
Қадами баъдӣ ба ҷустуҷӯи коршиносон бардошта мешавад. Гузинаи беҳтарин – пайдо кардани мухолифони “оштинопазир” аст. Онҳо ба сандуқчаи ганҷинаи гаронбаҳо шабоҳат доранд, зеро талош мекунанд, ки далелу ҳуҷҷатҳои ҳамдигарро рад кунанд. Ин ба нафъи рӯзноманигор аст, чун умқи масъаларо кашф хоҳад кард.
Сохтори мақолаи таҳлилӣ
Сохтори маводи таҳлилиро чи гуна бояд шакл дод?
Ҳамаи мақолаҳо аз лид ё муқаддима шуруъ мешаванд. Лид мақолаи моро муаррифӣ мекунад. Дар лид мо муҳтавои масъаларо ба таври мухтасар баён мекунем ва метавонем, далелҳоеро кутоҳ зикр кунем, ки дар рафти таҳлил ба онҳо такя карда хоҳад шуд.
Дар идома мо фактҳову андешаҳо ва нақли қавлҳои санҷидашударо меорем.
- Қиёс
- Равандҳо
- Нишондодҳо
- Назари коршиносон
Аммо муҳимтарин нукта дар таҳлил – ин хулоса аст, ки дар поёни мақола оварда мешавад. Дар қисмати ҷамъбастӣ мо пешбиниҳо ва тавсияҳоеро ҷо медиҳем, ки тавассути таҳлили далелҳову назарҳо ба даст овардаем.
Ва занҷираи мантиқии пайвасткунандаи далелҳо ҳарчи рушантару даркшавандатар бошад, ҳамон андоза хонандаро ба дуруст будани хулосаҳои мақолаи худ қаноат додан осонтар аст.
Унсурҳои муҳими таҳлил
Дар навбати аввал ин таҳлили ҳамаҷонибаи масъала аст, ки маънои ҷамъ овардани чанд нуқтаи назарро ба масъала дорад. Бояд назарҳои ҷолиб ва одамони соҳиби нуфуз ҷамъ оварда шавад.
Аз забони коршиносони худ пайомадҳо, далелҳои ҷолиберо нақл кунед, ки то замони таҳияи мақола ба касе ошно набуданд.
Маводи худро ҳатман бо элементҳои визуалӣ оро диҳед – маводи визуалӣ ин графикаҳо, расмҳо, слайдерҳои дорои акс, видеографикаҳо ҳастанд.
Нуктаи муҳим: ба хонандаи худ танҳо иттилои тафтишшударо пешниҳод кунед. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи рақамҳо бояд дақиқ ва исботшуда, тезисҳо дорои факту омор бошанд.
Дар ҳеч ҳолате ба иштибоҳу ғалат роҳ надиҳед.
Бо кадом услуб бояд навишт?
Дар таҷрибаи кориам ман ду қоидаи асосиро мушаххас кардам: бо аудитория бо забони фаҳмо бояд гуфтугӯ кард. Ҳамаи печидагиҳои дунёро метавон, бо калимаҳои одӣ баён кард. Ин тарзи баёну услуб хулосаҳо ва баҳсҳои шуморо эътимодбахш мекунад. Истилоҳоти зиёд истифода набаред – шумо мақолаи илмӣ наменависед.
АММО! Ба ҳеч ваҷҳ мақолаи худро бо назардошти афроди таҳсилнодида нанависед. Хонандагон ин гуна муносибатро ҳаргиз намебахшанд. Баръакс, шумо бояд ба хонанда наздик бошед.
Яъне, бояд тавозунро пайдо кард: зебо навиштан, душвору нофаҳмо ва ҷумлаҳои тобеъ андар тобеъ ва тӯлонӣ нанавиштан, аммо бо забону баёни ҷолиб навиштан. Ҷумлаҳои нимсаҳифаӣ нанависед. Ва таҳлили худро ҷолиб кунед.
Ҳаҷми матн
Ногуфта пайдост, ки таҳлил матни калонҳаҷмро дар назар дорад. Аммо ҳамаи мо медонем, ки бисёриҳо ҳавсалаи хондани матнҳои тӯлониро надоранд. Ман машварат медиҳам: ибтидо ҳамаи далелу назарҳои ҷамъовардаро нависед. Баъдан худро дар ҷои хонанда тасаввур кунед ва содиқона ба худ посух диҳед – оё ин мақоларо то охир хоҳед хонд? Баъди ин ба кутоҳ кардани мақола пардозед.
Ба матн раҳм накунед: ҳаҷми он муҳим нест, балки иттилое муҳим аст, ки дар матн ҷо кардаед.
Дар ниҳоят мақолаи худро бо зерсарлавҳаҳо ва номгуҳо оро диҳед. Ин барои сабук қабул кардани матни шумо кӯмак мерасонад.
Таҳлили хуб – чанд нуктаи муҳим дорад::
- Мавзуъ рӯзмарра аст
- Тезисҳо ва суолҳо рушану дақиқ баён шудаанд
- Таҳлил амиқ ва мантиқан хуб сохта шудааст
- Сарчашмаҳо эътимодбахш ҳастанд
- Пешниҳоди далелу назарҳо ба ҳам пайванду пайваст ҳастанд, бо зерсарлавҳаҳо ҷудо шудаанд
- Иштибоҳҳои мантиқӣ ҷо надоранд
- Мавод ба суоли гузошташуда посух медиҳад
Адабиёти иловагӣ:
Гузориш ба умеди тағйирот: Дастурамали IWPR барои рӯзноманигороне, ки дар минтақаҳои буҳронӣ фаъолият мекунанд (бо забони русӣ)