Зеркаш кардан
Чоп кардан

Мусоҳиба

Spoiler/Спойлер (click to read/кликните, чтобы прочитать)
Дар ин видео перомуни равишҳои мусоҳиба суҳбат хоҳем кард.
Шояд шунидаед, ки баъзеҳо мегӯянд, мусоҳиба мисли суҳбат кардан бо дӯстатон хеле сода аст. Аслан чунин нест.
Мусоҳиба дар қиёс ба суҳбати одӣ ҳадафҳои нисбатан стратегӣ дорад. Шуморо лозим аст ки чизеро маълум намоед ва ё аз касе ҷавоби мушаххас бигиред.
Беҳтарин шеваи расидан ба ин ҳадаф – донистани равишҳои хуби мусоҳибагирӣ мебошад. Хуш, чизе ки нахуст бояд баррасӣ кунем, ин аст ки кадом навъи мусоҳибаро анҷом медиҳед.
Оё талош мекунед, порчаҳои кутоҳи садоӣ ба даст биёред? Барои мисол, шумо гузориши хабарии телевизионӣ таҳия мекунед ва ба шумо як иқтибоси кутоҳ лозим меояд. Дар ин сурат шумо пайи суҳбати тӯлонӣ намегардед ва барои ҷараёни мусоҳиба нигарон ҳам намешавед. Ягона чизе ки тамошобин дар гузориши шумо мебинад, ин як порча видеои кутоҳи давомнокиаш аз 10 то 15 сония мебошад, ки дар гузоришатон ҷо шудааст.
Дар ин ҳолат, беҳтар аст, ки бо мусоҳиби худ содиқ бошед. Агар онҳо донанд, ки барои ибрози нуқтаназари худ вақти хеле кутоҳ доранд, ҷавоби нисбатан кутоҳ медиҳанд. Зиёд мешавад, ки маҷбуред, барои гирифтани ҷавоби муносиб як саволро чанд маротиба такрор кунед. Дар ин сурат, ба ҳадаф тамаркуз намоед. Ба шумо фақат як ё ду иқтибоси хуб вобаста ба мавзӯе, ки инъикос мекунед, лозим аст.
Навъи дигари мусоҳиба – мусоҳибаи комил мебошад.
Дар қиёс ба сенарияи қаблӣ, инҷо мо мусоҳибаро пурра мебинем ё мешунавем. Дар ин сурат, мусоҳиб вақти бештаре барои ҳарф задан дорад, аммо шуморо ҳам зарур аст дар бораи ин ки суҳбат чӣ тавр мегузарад, бештар фикр кунед. Саволҳои шумо шунида мешаванд, аз ин рӯ онҳоро бояд суфта кард, инчунин бояд оғоз, васат ва хотимаи хубе дошта бошед.
Ва ниҳоят, мусоҳибаҳое ҳастанд, ки аз формат ё қолаб вобаста мебошанд. Барои мисол, дар телевизион ва радио мусоҳибаҳое ҳастанд, ки дар вақт маҳдуданд. Ин метавонад блитс-пурсиш бо давомнокии як дақиқа бошад ва ё пешниҳоди як савол ба чанд нафар ва ё саволҳои пешниҳодшудаи мухотабон ба чеҳраҳои машҳур ва сиёсатмадорон. Дар ин ҳолат, раванди мусоҳиба ва саволҳо аз қолаб вобаста аст.
Яке аз навъҳои душвори мусоҳиба – мусоҳибаи проблеммавӣ ҳаст. Вақте шумо ба мусоҳиби худ саволҳои душвор пешниҳод мекунед. Он ба эҳтимоли зиёд таниш дорад ва мусоҳиби шумо эҳтимолан ба дифоъ мегузарад. Хуш, чӣ гуна онро дуруст бояд анҷом дод?
Аввалан, ҳадафи хеле дақиқ барои мусоҳиба бояд дошт. Шумо мехоҳед, ки онҳо кадом як амалкардро эътироф кунанд? Чиро мешавад муваффақият гуфт? Дар идома хатти мантиқӣ мавҷуд аст. Бовар ҳосил кунед, ки мавзӯоте ки ба он дахл мекунед, бо роҳи табиӣ аз яке ба дигарӣ гузарад. Агар ин хавф вуҷуд дорад, ки мусоҳиби шумо метавонад ҷойи мусоҳибаро тарк кунад ва ё контроли худро аз даст медиҳад, беҳтар аст ин саволҳоро ба қисмати поёнии мусоҳиба гузоред. Агар шумо саволҳои душворро дар оғози мусоҳиба пешниҳод мекунед ва онҳо мусоҳибаро хароб мекунанд, пас чизе барои нашр надоред.
Оё чизе барои собит кардан доред? Агар шумо вакили дифоъ мешудед, ки дар додгоҳ парвандаҳоро баррасӣ мекунад, шуморо зарур буд, далелу бурҳон пешниҳод кунед.  Ба ин монанд, дар бархе мавзӯъҳо ба шумо лозим аст ба мусоҳиб далелу бурҳонҳои қотеъ пешниҳод кунед. Фикр кунед, ки онҳоро чӣ гуна истифода мекардед.
Барои мисол, агар шумо собит карда метавонед, ки сиёсатмадор дар мавриди мушкил ҳанӯз моҳи январ хабар дошт, метавонед аввал аз ӯ бипурсед, ки кай дар бораи мушкил хабар ёфт. Агар бигӯяд, ки моҳи март огоҳ шуд, метавонед далелҳои худро пешниҳод кунед ва собит намоед, ки ӯ дуруғ мегӯяд. Ин ки кай ва чӣ гуна далелу бурҳони худро пешниҳод мекунед, метавонад ба муваффақияти мусоҳибаи шумо таъсир гузорад.
Мехоҳам як ҳолатро таъкид кунам. Дар мусоҳибаҳои душвор баъзан чизеро ки талоши анҷомашро дорем, аз даст медиҳем. Ин хидмат ба мухотабонамон аст.
Баъзан, махсусан дар радио ва телевизион журналистон метавонанд мусоҳибаи хушунатомезро ҳамчун мусоҳибаи хуб маънидод кунанд. Мушкил дар ин аст ки баъзан он ба баҳс ва ба сӯи ҳамдигар додзании одамон боис мегардад.
Ҳамеша аз худ бипурсед, ки оё ин мусоҳиба ба манфиати аудиторияи шумо ҳаст, оё ба онҳо иттилое медиҳад ё он танҳо як тақобул аст?
Роҳи беҳтарини дарёфти ҷавоби хуб аз мусоҳиб ин ба роҳ мондани иртиботи хуб бо ӯ мебошад. Чанд роҳи анҷом додани ин чиз вуҷуд дорад.
Аввалан, талош кунед, ки аз қабл заминаи ҳамдигарфаҳмиро фароҳам кунед. Вақте бо ношиносе вомехӯред, аз эҳтиёт кор мегиред, шояд ҳам каме нигарон мешавед. Ин чиз ба мусоҳиб низ дахл дорад.
Агар фурсат доред, ки қабл аз анҷоми мусоҳиба бо ҳамсуҳбат вохӯред, ин ба вай имкон медиҳад, ки худро озодтар эҳсос кунад ва бо шумо иртибот барқарор намояд. Ин чиз ба вижа дар ҳолате муфид аст, ки ҳамсуҳбати шумо вазъи душворро паси сар намудааст ва ё вобаста ба мусоҳиба нигарон аст.
Агар шумо пас аз вохӯрдан зуд мусоҳиба мегиред, пас барқарор кардани чунин ҳамдигарфаҳмӣ душвортар мешавад. Зимни пешниҳоди саволҳо лаҳни муносиб интихоб кунед. Одамон ба инъикоси он чӣ, ки шумо мекунед, майл доранд. Ин ки шумо бо онҳо чӣ гуна суҳбат мекунед, ба онҳо нишон медиҳад, ки аз саволҳояшон чиро интизор ҳастед.
Мисол, агар ман мусоҳибаи сабуку саргармкунанда мехостам, саволҳоро ба ҳамин шева пешниҳод мекардам. Мусоҳиб низ ба эҳтимоли қавӣ аз ман пайравӣ карда, бепарво ҷавоб медиҳад.
Ба ҳамин монанд, агар ман хоҳам ки мусоҳибаи эҳсосӣ анҷом диҳам ва ҳамзамон оромонаву андешамандона савол диҳам, эҳтимолан онҳо низ бо чунин шева ҷавоб медиҳанд. Ҳамчун мусоҳибагир лаҳни мусоҳибаро шумо муайян мекунед.
Тавсияи навбатӣ хандаовар садо медиҳад, аммо бояд гуфта шавад. Мутмаин бошед, ки шумо ҷавобҳоро гӯш мекунед.
Вақте шумо маҷмӯи саволҳои омодашударо доред, эҳтимолан моилед якеро пайи дигарӣ хонда, ба ҷавобҳо таваҷҷуҳи зарурӣ накунед.
Ман вақте корро дар радио шурӯъ кардам, ин иштибоҳро анҷом додам. Ёд дорам, ки чӣ тавр ҳангоми гӯш кардани мусоҳиба фаҳмидам, ки чизҳои гуфтаи мусоҳибонам ба саволи иловагӣ ниёз доштанд, аммо аз сабаби он ки зимни мусоҳиба дуруст гӯш накардаам, ин лаҳзаро аз даст додам.
Ҳатман ончиро ки онҳо мегӯянд бо диққат гӯш кунед ва ва ба он чӣ кӣ бештар донистан мехоҳед, тамаркуз намоед.
Банди охир – эҳсос ва андешаро аз онҳо берун кунед. Ҳамчун журналист шумо метавонед дар бораи далел ва рақамҳо нависед ё суҳбат кунед. Албатта дар ин бора мешавад суҳбат кард, аммо ҳатман саволҳое бидиҳед, ки ҳамсуҳбатро маҷбур намояд андеша ва эҳсосоти худро баён намояд.
Аввалан, ин мусоҳибаи шуморо ба сатҳи нисбатан ҷолиб мерасонад, инчунин ба он чизе зам мекунад, ки шумо наметавонед. Ҳамчун хабарнигор шумо набояд тараферо бигиред ва бо шавқу рағбат ба ҷонибдорӣ ё алайҳи мушкил изҳори назар кунед.
Бо вуҷуди ин, шумо метавонед бо ворид кардани мусоҳибаҳои хуб дар қиссаҳоятон ин коро анҷом диҳед. Аз ин рӯ, бовар ҳосил кунед, ки саволҳои шумо натанҳо рӯйдодро бармало мекунанд, балки инро ки одамон ба он чӣ тавр муносибат мекунанд, муайян месозанд.
Муваффақияти мусоҳиба дар марҳилаи нақшабандӣ оғоз мегардад. Аввалан, оё макони мусоҳиба мувофиқ аст?
Агар шумо бо волиде, ки фарзанди худро аз даст додааст, мусоҳиба доред, пас беҳтар аст онро дар макони ором анҷом бидиҳед.
Агар аз мухлисони ашадии варзиш қабл аз мусобиқаи муҳим мусоҳиба мегиред, мантиқӣ мешавад агар онро дар ҷойи серодам анҷом бидиҳед.
Мутмаин шавед, ки макон барои қиссае, ки пешниҳод кардан мехоҳед, мувофиқ аст. Ин вижагӣ махсусан барои телевизион ва видео муҳим аст. Барои шумо ҷойи хубе лозим, аммо ҳамзамон чизе бояд таваҷҷуҳро парешон накунад.
Баъдан, оё мавзӯъро хуб омӯхтаед? Ҳар қадар ки бештар бидонед, ҳамон андоза эҳтимоли ин ки ҷолибтарин қисмати қиссаро интихоб мекунед, зиёдтар мешавад.
Тасаввур намоед, ки аз донишманде дар мавриди ваксина мусоҳиба гирифтаниед. Қабл аз анҷоми мусоҳиба беҳтар аст дар бораи ваксинаҳо, истилоҳот ва ҳар мушкили дигар, ки ба қиссаи шумо рабт дорад, маълумот дошта бошед.
Дар бораи ҳамсуҳбати худ ҳам бисёртар биомӯзед. Талош кунед мусоҳибаҳое, ки ӯ дар гузашта анҷом додааст, бубинед ё мутолиа кунед. Бо ин кор тасаввурот пайдо мекунед, ки ӯ ба саволҳо чӣ гуна ҷавоб медиҳад ва дилхоҳ ҳолатеро, ки мехоҳед дар мусоҳибаи шумо бошад, барои худ сабт намоед.
Чанд маслиҳати дигар. Онҳоро дар ғафлат бигзоред. Ин бештар ба чеҳраҳои саршинос ва одамони маъруф, ки борҳо мусоҳиба додаанд,  дахл дорад. Ба чунин одамон одатан ҳамон як саволҳоро пешниҳод мекунанд.
Агар онҳоро дар ҳайрат бигзоред, ҷавобҳои нисбатан табиӣ ва ғайримуқаррарӣ мегиред. Чанд роҳи анҷом додани ин кор вуҷуд дорад: пешниҳоди саволҳои аудитория, нишон додани навори видео ё аксҳои куҳна. Ҳар чизе ки барои дарёфти ҷавоби табиӣ анҷом дода метавонед, хеле муассир буда метавонад.
Саволҳои кушода ё дутарафа пешниҳод кунед. Саволҳое надиҳед, ки ба онҳо ҷавоби “ҳа” ё “не” бидиҳанд. Агар чунин савол доданиед, беҳтар аст онҳо дутарафа бошанд.
Барои мисол, агар ман пурсам, ки “ба шумо макони зистатон писанд ҳаст?”, ҷавоби шумо “ҳа” ё “не” мешавад. Аммо агар пурсам, ки “оё маконе ки зиндагӣ мекунед, ба шумо писанд аст ва барои чӣ?”, пас шумо маҷбур мешавед, ҷавоби пурра бидиҳед.
Баъзан мусоҳибон дархост мекунанд, ки саволҳоро пешакӣ барояшон фиристед. Беҳтар аст, ин корро накунед. Шумо метавонед ба онҳо бигӯед, ки дар кадом мавзӯъҳо мехоҳед суҳбат кунед, аммо агар саволҳоро пешакӣ фиристед, эҳтимол дорад ки ҷавобҳоро азёд кунанд ва шумо соҳиби як мусоҳибаи ғайритабиӣ мешавед.
Инчунин беҳтар аст саволҳои худро қабл аз оғози мусоҳиба ҳам пешниҳод накунед. Баъзан ҷавоби аввалини табиӣ беҳтарин мебарояд.
Ва тавсияи охирин. Шумо метавонед як саволи асосӣ дошта бошед, ки дар оғоз пешниҳод мекунед. Шумо метавонед ҷавоби сазовор бигиред, аммо бештари вақт ҳамсуҳбат дар ҷараёни мусоҳиба “гарм” шуда, дар поёни он нисбатан озод ва кушода мешавад. Баъзан мешавад ки саволи аввали худро дар поёни мусоҳиба бо каме тағйирот дубора пешниҳод кунед. Ба ин тариқ, шумо ба саволҳои муҳими худ замоне ҷавоб мегиред, ки мусоҳиб саргарми суҳбат худро бо шумо самимӣ эҳсос мекунад.
Ин чанд андеша дар бораи мусоҳиба буд. Пеши худ ҳадаф гузоред, дар мавриди навъҳои мусоҳибае, ки анҷом медиҳед, фикр кунед. Пажуҳиши худро анҷом бидиҳед, дар бораи саволҳо фикр кунед, ҳамдигарфаҳмиро ба роҳ монед ва гӯш карданро фаромуш насозед.

Агар шумо хатои имлоӣ пайдо карда бошед, лутфан бо интихоби матн ва пахшкунии Ctrl + Enter ба мо хабар диҳед.

Зеркаш кардан
Чоп кардан