Пахши мустақим чӣ дар телевизион ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қисмати хеле муҳими пешниҳоди ахбор аст. Ҳоло бо истифодаи як смартфон метавонед аз ҳар куҷое ки мавҷи телефон мерасад, пахши мустақим дошта бошед. Ин метавонад хеле сода бошад, аммо чанд чизе ҳаст, ки вақте гап сари пахши мустақим меравад, онҳоро бояд дар хотир дошт. (слайд)
Аввалин чизе ки бояд зикр кард, ин аст ки ду навъи пахши мустақим вуҷуд дорад. |
Аввалӣ – пахш. Шумо метавонед дар ҷойи ҳодиса бошед ва ба эфири мустақими ширкатҳои хабарии телевизион ё радио пайваст шавед. Радио ҳамеша дар суръат пешсаф буд, аммо танҳо солҳои ахир ирсоли видео бидуни истифодаи мавҷдиҳандаҳои моҳвораӣ осонтар гардид. Дар эфир маъмулан шумо бо ҳамкоронатон дар студия, асосан ровиёни бахши хабарӣ суҳбат мекунед. Таҷҳизот маъмулан хеле мураккаб аст. Барои пахш стандарти нисбатан босифат лозим аст, аз ин рӯ аксаран тимҳои хабарӣ аз хадамоти ширкатҳои монанди LiveU, ки якчанд сим-кортро муттаҳид мекунанд, то мавҷи беҳтар ва нисбатан боэътимодтарро пешниҳод намоянд, истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, таҷҳизот метавонад ҳар чизе бошад, шурӯъ аз телефону дурбинҳои бузург то таҷҳизоти махсус барои пахш. Пахши мустақим дар расонаҳои иҷтимоӣ хеле фарқкунанда ҳастанд. |
Дар ин ҳолат шумо бо мухотабони худ муколама анҷом медиҳед. Ин як навъ саволу ҷавоби хусусӣ аст, ки тибқи одат дар шарҳҳо мерасанд, на аз ҳамкорон. (слайд) Хуш, аввалан, чӣ тавр меъёрҳои техникӣ дар сатҳи олӣ риоя шавад? Маълум аст ки дар студия шумо дастгоҳҳои беҳтарин доред ва имрӯз метавонед бо истифода аз барномаҳое монанди Vmix ва ё OBS студияи хуби хонагӣ бисозед. Аммо ман мехоҳам ба стриминге тамаркуз намоям, ки на дар студияи хабарӣ, балки берун аз он ҷойгир аст. Агар шумо тавассути Интернет пахш мекунед, шуморо зарур аст суръати боргузориро санҷед. Ба ёд дошта бошед, ки шумо набояд дар мавриди суръати боргирӣ нигарон бошед. Ин танҳо дар ҳолате муҳим аст ки агар шумо филмҳоро барои тамошо дар хона боргирӣ кунед. Барои стриминг шумо сигнал мефиристед, аз ин рӯ суръати боргузорӣ аҳамияти бештар дорад. Метавонед замимаҳои махсус барои муайян кардани суръатро насб карда, ба сомонаҳои махсус ворид шавед. |
Маъмулан барои шумо ҳадди ақал 5 мегабит дар сония зарур аст, аммо дар асл хеле зиёд аз ин лозим меояд. Агар телефонатонро истифода мекунед, бовар ҳосил кунед, ки микрофонҳои берунаро истифода мебаред, сари микрофони дарунӣ эътимод накунед. Он маъмулан аз шумо хеле дуртар ҳаст, то садои хубро ба даст биёред. Ва агар аз селфи ба дурбини пушт гузаштед, телефон микрофони самти дигарро фаъол мекунад. Бештари телефонҳо 3 ва ё 4 микрофони дохилӣ доранд. Шумо метавонед микрофонҳои барои телефонатон муносибро дастрас намоед ва ё адаптер барои смартфонҳоро бигиред, то микрофони мавҷударо ба смартфон пайваст намоед. Бовар ҳосил кунед, ки аудиоро бо сифати хуб пахш мекунед. |
Дар идома сари равшанӣ фикр кунед. Метавонед аз рӯшноии табиӣ истифода баред, аммо бовар ҳосил кунед, ки шумо ба самти нури равшан сабт намекунед. Ин метавонад тиреза ё офтоб бошад. Сайъ кунед дар ҷойи хеле равшан сабт накунед, зеро эҳтимолан эффекти шабаҳ ба вуҷуд меояд. Агар аз равшании иловагӣ истифода карданӣ ҳастед, пас ҳоло равшанидиҳандаҳои хеле арзони светодиодӣ барои дурбинҳо ҳастанд, ки онҳоро мешавад дар рӯи телефон ё дурбинҳо насб кард.
Ва ахиран, дурбинро устувор намоед. Пахши мустақим ин мисли обест, ки даруни қубур ҳаракат мекунад. Да ин қубур ҳаҷми ҳадди ниҳоӣ ҳаст. Вақте шумо дурбинро ба ҳар тараф мегардонед то навор пайваста иваз шавад, ба ин маънист ки бояд дар ин қубур иттилои боз ҳам бештар равад ва аз ин рӯ, сабт мечаспад, сифат хароб мешавад. Агар сепоя ё кадом як чизи дигарро барои устувор нигоҳ доштани асбоби сабт истифода мебаред, сифати пахши мустақими шумо эҳтимолан хеле беҳтар мешавад.(слайд) Акнун, чанд тавсия дар мавриди пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ. |
Қабл аз ҳама пеш аз шурӯи пахши мустақим ҳолати сабти дастгоҳи худро интихоб намоед. Мехоҳед амудӣ сабт кунед ё уфуқӣ? Маълум аст, ки чизе монанди Instagram live ин видеоҳои амудӣ аст, аммо Facebook ба шумо имкони интихобро медиҳад. Шумо метавонед ин ё он тавр сабт кунед, аммо ҳамин ки ба эфир баромадед, тағйир додан дер мешавад.
Дар идома, ҷалб намоед. Алгоритм шуморо барои ҷалб кардан қадрдонӣ мекунад. Ин метавонад шарҳҳо, аломатҳои писандидан, ба иштирок гузоштан ва ё ҳар амали дигари мутақобил бошад. Агар шумо муҳтаво месозед ва аудиторияро ҷалб мекунед, пас алгоритм муҳтавои шуморо ба теъдоди зиёди одамон нишон медиҳад. Аз одамон хоҳиш кунед, шарҳи бештар нависанд ва вокуниши худро нишон бидиҳанд. |
Давомнокии хуби пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ 20 дақиқа мебошад, аммо одамон дар ҷараёни стриминг ба он пайваст мешаванд. Онҳо аз оғози пахш ҳамроҳи шумо нестанд, аз ин рӯ бояд дар хотир дошта бошед, ки ҳар чанд дақиқа баъд бояд одамони навро “хушомадед” бигӯед ва онҳоро бо мавзӯи пахши мустақим шинос кунед. Дар идома, шарҳҳоро сарфи назар накунед. Ба мухотабон писанд аст, ки дар платформаҳое мисли Facebook Live муошират кунанд, аз ин рӯ шарҳҳоро пайгирӣ кунед ва пайваста ба онҳо ҷавоб бигӯед. Шумо бояд ба шарҳҳо ҳатто пас аз анҷоми пахши мустақим ҳам ҷавоб бидиҳед. Вақте пахши мустақим тамом мешавад, фикр накунед, ки кори шумо тамом шуд. Шояд шумо бо меҳмон Facebook Live кардед ва ӯ чизи ҷолибе гуфт. |
Баргардед ва тавзеҳоти худро барои пахши мустақим таҳрир кунед. Дар бораи ин мисли сарлавҳа фикр кунед. Ҳамин ки шумо мазмуни пахши мустақимро фаҳмидед, метавонед тавзеҳотро барои онҳое ки сабтро тамошо мекунанд, беҳтар кунед.
Ва ниҳоят, сабтро ба иштирок гузоред. Пайванди онро дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунед. Ба ин мисли ҳар онлайн-видео муносибат кунед. (слайд) Ва дар охир, чанд ғалатҳои паҳншуда, ки одамон ҳангоми пахши мустақим ба он роҳ медиҳанд. Аз таъхир фаромуш накунед. Агар дар Facebook пахши зинда доред, қабл аз он ки паёмҳои намудоршударо бинед, шояд аз 10 то 20 сония бигзарад. Чунин таъхир чизи маъмулист, фикр накунед, ки чизе хуб нест ва пахши зиндаро қатъ накунед. |
Дар идома, барои шарҳҳо як ёвар пайдо кунед. Шояд хеле душвор мешавад, ки ҳам ба шарҳҳо бирасӣ ва ҳам гардонандагӣ намоӣ. Агар дар бахши иттилоотии бузурге кор мекунед, касеро пайдо кунед, ки тавонад шарҳҳоро пайгирӣ намояд. Яке аз шеваҳои кор ин аст ки касе шарҳҳоро пайгирӣ намуда, 3 ё 4 беҳтаринашро тавассути WhatsApp фиристад. Агар телефони иловагӣ доред, метавонед танҳо ба ин паёмҳо нигоҳ кунед, на ин ки дар ҷустуҷӯи беҳтарин шарҳҳо онҳоро пешу қафо кардан гиред. Агар аз телефони худ пахши мустақим мекунед, боз ҳам хуб аст ки як дастгоҳи дигаре ҳам дошта бошед, то ба осонӣ тавонед шарҳҳоро дунбол кунед. Қоидаҳои амниятро сарфи назар накунед. Метавонем ба ҳадде ба пахши мустақим дода шавем, ки мушоҳидагарони хашин (агресивӣ), мошин ё кадом як хатари дигарро пайхас накунем. Ҳушёр бошед ва ё касеро хоҳиш кунед, ки назорат кунад. Линза пайдо кунед. Вақте одамон бо дурбини пеши телефонҳо ба пахши мустақим мебароянд, ин мушкили калон аст. Баъзан онҳо ба ҷойи ба объектив нигоҳ кардан дар экрани телефон ба худашон нигоҳ мекунанд. Бовар ҳосил кунед, ки чашмони шумо дар ҷойи лозим ҳаст. |
Билохира, ба шумо оғозу анҷоми дуруст лозим аст. Пахши мустақим ба ҳар видеои дигар монанд аст. Оғоз ва анҷоми хуб лозим дорад. Поёни видео метавонад даъват ба амал бошад. Ба одамон бигӯед, ки ба сомонаи шумо ворид шаванд ва ё шарҳ бигзоранд. Кушиш кунед, ки дар ҷараёни пахши зинда нерӯ ба охир нарасад, ва анҷоми хуб муяссар нагардад. |
Ва чанд маслиҳати дигар. Агар интернети мобилии нисбатан беҳтар мехоҳед, замимае бо номи Speedify ҳаст, ки метавонад чанд телефонро муттаҳид намояд, то интернети нисбатан хуб ва боэътимодро барои шумо пешниҳод кунад. Агар дастгоҳи iOS доред, метавонед бо ёрии замимаи Switcher Studio пахши бисёрдурбин бо графикаро анҷом диҳед. Яъне, шумо метавонед телефонҳои гуногунро ба сифати манбаи дурбинҳо истифода баред, агар ҳамаи онҳо дар як шабакаи Wi-Fi қарор дошта бошанд. Агар мехоҳед dslr ва ё камераи наворгириро ба ноутбуки худ пайваст кунед, метавонед ин корро бо ёрии корти забте монанди elgato camlink анҷом диҳед. Ин ба дилхоҳ дурбин, ки шумо пайваст мекунед, имкон медиҳад, дар ноутбуки шумо ҳамчун веб-камера истифода шавад. Ширкатҳои бузурге мисли LiveU ва Teradek дастгоҳ ва барномае доранд, ки имкони пахши зиндаро чӣ дар телефон ва чӣ дар дурбинҳои маъмулӣ фароҳам меоварад.
Хуш, хуллас, пахши мустақим ин роҳи беҳтарини гуфтани хабарҳои охирин ва ҷалби мухотабон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Агар шумо ин чанд қоидаи содаро риоя кунед, рӯшноӣ ва садоро дуруст танзим намоед, пас пахши зинда метавонад абзори муфиде барои пешниҳод кардани қиссаҳо бошад. |
Барои навигариҳо ОБУНА шавед Media School Cabar.asia
Пахши мустақим (Live Streaming)
Барои навигариҳо ОБУНА шавед Media School Cabar.asia