Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар инъикоси интиқоли инқилобии ҳукумат, ки 5-10 октябр дар ин кишвар сурат гирифт, касбияти баланд нишон доданд. Аммо бархе рӯзноманигорон ва расонаҳо ба иштибоҳ роҳ доданд.
Мактаби расонаии CABAR.asia ҳамроҳ бо коршиносони расонаӣ талош кард муайян намояд, ки дар ин давра дар кори ВАО чӣ иштибоҳҳое сар зад.
Маҳорат афзудааст
“Буҳрони сиёсӣ дар Қирғизистон дар қиёс ба худи рӯйдодҳои баамаломада хуб ва ҳирфаӣ инъикос шуданд. Чизҳои зиёде ба вуқӯъ пайваст, ки намебоист дар кишварҳое, ки худро демократӣ, боз ва мутамаддин ном бурданӣ мешаванд, рух бидиҳад. Кори хуби журналистон ҳам тасодуфӣ набуд, зеро ҳанӯз аз соли 2005 таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд. Албатта, таассуфовар аст, ки ин таҷриба ҳамешаю пайваста ба кор меояд, вале ин суолест ба ҳукуматдорон”, – мегӯяд коршиноси расонаӣ Азамат Тинаев.
Ба гуфтаи ӯ, таҷҳизи фаннии рӯзноманигорон ва истифодаи дурусти тамоми абзорҳои расонавии дастрас мавриди тазаккур аст.
“Таҷҳизи фаннии рӯзноманигорон ва омухтани қобилияти пахши мустақим дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва хостингҳои видеоӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки касбияти расонаҳои мо бо суръати хуб рушд мекунад”,- таъкид мекунад Тинаев.
Хатари «суханони нотамом»
Ҳамзамон, ба андешаи коршинос кори на ҳамаи ВАО-и кишвар қобили аҳсан мебошад. «Мутаасифона бисёре аз ҳамкасбон хабарҳои бофтаро паҳн намуданд ва иттилои санҷиданашударо нашр карданд. Ман намедонам, ки дониста ё нодониста, аммо намунаҳои дасткорӣ мушоҳида шуданд. Дар ҷойе чизеро қайчӣ карданд. Дар натиҷа хонандаҳо ва бинандаҳо иттилои тамоман дигар, таҳрифшударо дарёфт намуданд. Чунин намунаҳо ҳам буданд. Хушбахтона, чунин намунаҳо оммавӣ набуданд»,-таъкид мекунад ӯ.
Азамат Тинаев муътақид аст, ки дар чунин вазъиятҳои ҳассос журналистон бояд як чизро дар хотир дошта бошанд: ҳатто як хабари бемулоҳиза метавонад ба оқибатҳои хеле вазнин сабаб шавад, ки барои бартараф кардани он вақти тӯлонӣ ва талоши зиёде лозим меояд.
Яке аз намунаҳои дасткории иттилоот хабари сомонаи Vesti.kg мебошад. Сомонаи мазкур бо сарлавҳаи ҳангомабарангезе як матлаб ба нашр расонд, ки дар он гуфта мешуд, шаҳрдори пешини Ош Мелис Мирзакматов дар назди сокинони пойтахти ҷанубии Қирғизистон суханронӣ ва талош кардааст, ихтилофи байниминтақавиро барангезад.
Ин дасткориро сомонаи Factchek.kg ошкор намуд. Далелсанҷон баромади сиёсатмадорро пурра гӯш карда, маълум намуданд, ки дар сарлавҳа ва хабар танҳо як қисмати баромад нашр шудааст. Ҳамзамон, қисмате, ки Мирзакматов дар бораи роҳ надодан ба ҷудо кардани қирғизистониҳо аз рӯи аломати байниминтақаӣ суҳбат мекунад, ҳазф шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки Vesti.kg баъдан сарлавҳаи худро тағйир дод.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун манбаи хабарҳои бофта
Муассиси яке аз сомонаҳои маъруфи Қирғизистон Kaktus.media Дина Маслова мегӯяд, бозигарони аслии бозори ВАО-и Ҷумҳурии Қирғизистон – «АКИпресс0», «Kaktus.media»,
«24.kg», «Азаттык»,«Sputnik» то ҳадде, ки зимни инъикоси рӯйдодҳои 5-10 октябр имконпазир буд, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро риоя намуданд.
“Зеро сиёсати редаксионӣ ба шакле роҳандозӣ шудааст, ки лозим меояд ҳар иттилоъ дақиқ санҷида шавад. Аз ин ҷиҳат ВАО аз шабакаҳои иҷтимоие, ки маъмурони он паёмҳои кутоҳ ва ё видеоҳоро интишор мекарданд, қафо мемонад”,-таъкид мекунад Маслова.
Дарвоқеъ, як қатор Telegram-каналҳо дар ин давра хеле фаъол буданд. Хабарҳое, ки аз ду-се ҷумла иборат буданд ва ё видеоҳо бо шарҳҳои кутоҳ хеле зиёд нашр мешуданд. Аммо маълумотҳо дар вақти нашр санҷида намешуданд, маъмурони каналҳо дар сурати пайдо шудани раддияҳо онҳоро боз ҳам дар шакли чунин хабарҳо нашр мекарданд.
Ба андешаи Маслова, дар замони ҳаводиси моҳи октябр дар Ҷумҳурии Қирғизистон, шиддат ёфтани таниш маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуқӯъ мепайваст, рӯзноманигороне, ки кори худро ҳирфаӣ анҷом медоданд, талош мекарданд, ки ин шиддат коҳиш ёбад.
«Аз як тараф, шарҳҳои эҳсосии чеҳраҳои маъруф ва намояндагони аҳзобе, ки дар интихоботи парлумонӣ мағлуб шуданд, аз сӯи дигар ба ҷонибдории Содир Ҷабборов шумораи аз ҳад зиёди ботҳо ва тролҳо навиштанду ба кибербуллинг машғул шуданд. Як мушкили ВАО дар он буд, ки аз сӯйи ҷонибдорон фишор оварда мешуд: дар гирдиҳамоиҳо таҳдидҳо садо медоданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ кибербуллингҳо мақом ёфтанд. Бар илова, санҷидани далелҳо душвор буд, зеро дастгоҳи давлатӣ он рӯзҳо тақрибан кор намекард, танҳо тавассути иртибототи шахсии рӯзноманигорон имкони тасдиқ кардани далелҳо мавҷуд буд. Чун иттилоот бо як каме таъхир, аммо санҷидашуда нашр мешуд, ВАО-и калидӣ тавонистанд бо рад кардани кадом як тахмину гумон ё тасдиқ қардани иттилоъ суръати шиддатро коҳиш бидиҳанд», – меафзояд ӯ.
Дар замони буҳрони сиёсӣ шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаи хабарҳои бардурӯғ дар мавриди сиёсат табдил шуданд. Дар Facebook матлабҳое нашр ва паҳн мегардид, ки тасдиқ мекард, аз манзили Темир Сариев дар халтаҳо тилло пайдо кардаанд.
Нахуствазири собиқ маҷбур шуд, ин фейкро тавассути ВАО-и расман сабтиномшуда рад кунад.
Ҳамзамон, Маслова бар ин аст, ки масъулияти шиддат гирифтани ташаннуҷи авзо бар дӯши сиёсатмадорони тамоми сатҳҳо, ки бо изҳороту амалҳои худ ҷомеаро ба изтироб оварданд, қарор дорад.
Таъбирҳои носаҳеҳ
Ҳамзамон, бархе ВАО ё дар пайгирии дигаргуниҳои пайвастаи ниҳодҳои давлатии тағйирёбанда таъхир мекарданд ва ё дидаву дониста барои қонунӣ кардани амалҳои неруҳои сиёсии муайяне ёрӣ мерасониданд.
Шоми 6 октябр вакилони Жогорку Кенеш аз ин сабаб, ки «Қасри сафед» хароб шуда буд, дар меҳмонхонаи «Достук» ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор карданд. Журналистонро ба ин ҷаласа роҳ надоданд. Ҳамон шаб маълум шуд, ки Достон Ҷумъабеков ба истеъфо рафта, раиси нави маҷлис Миктибек Абдилдаев ба ВАО гуфт, эътилофи парлумон тасмим гирифт Ҷабборовро нахуствазир таъин кунад. Ахирӣ, дар навбати худ бояд барнома, сохтор ва ҳайати ҳукуматро пешниҳод кунад.
Ҳамон шаб дар сомонаи хабаргузории «Вечерний Бишкек» хабаре нашр шуд, ки Садир Ҷабборов нахуствазир таъин шудааст. Ҳамин тариқ мақоми ӯро аллакай қонунӣ карданд, ҳарчанд дар асл чунин нест.
Дар ин сурат, мебоист назари ҳуқуқшиносон дар бораи то кадом андоза қонунӣ будани ин ё он раванд пурсида шуда, иттилои дақиқ ба мухотабон пешниҳод гардад. Дар сурати зарурат ба хонандаҳо бояд вазъият фаҳмонда шавад.
Ин вазифаро сомонаи Kaktus.media ба хубӣ анҷом дод. Сомона шарҳ дод, ки Ҷабборов аллакай аз ҷониби эътилоф нахуствазир пешниҳод шуд, аммо дар бораи таъинот ҳанӯз сухан намеравад.
Баъдан, Kaktus.media дар матлаби алоҳидае ба хонандаҳо шарҳ дод, ки Ҷабборов ҳанӯз нахуствазир нест ва вакилон танҳо номзадии ӯро пешниҳод кардаанд.
Ҳамзамон Бунёди ҷамъиятии «Дармонгоҳи ҳуқуқии Адолат» таҳлили пуррае омода кард, ки онҷо гуфта мешуд, аснои баррасии истеъфои нахуствазир Кубатбек Боронов, интихоби Миктибек Абдилдаев ба мақоми раиси Жогорку Кенеш, инчунин пешбарии Садир Ҷабборов ба ҳайси номзад ба мақоми раҳбари ҳукумат талаботи Конститутсияи Қирғизистон дағалона нақз шуда буданд. Бештари ВАО ин ҳуҷҷатро нашр накарданд.
«Аз нуқтаи назари тозагии мутлақи фаъолияти ВАО ин даъвои дурусте ҳаст. Аз ҷониби дигар, ин фаҳмиши нозукиҳои ҳуқуқӣ мебошад – киро, кай ва чӣ мегӯем. Аммо ин саволи аслӣ нест, ҳама чӣ аз он вобаста нест, ки расонаҳо киро чӣ тавр ном мебаранд. Махсусан дар шароите ки ҳама чӣ хеле сареъ мегузарад ва имкони тамос гирифтан бо коршиносону ҳуқуқшиносон мавҷуд нест ва эҳтимолан дар мавриди номи мансабҳо таъбирҳои носаҳеҳе аз ҷониби ВАО хоҳанд гузашт»,-илова мекунад Азамат Тинаев.
Ба андешаи ӯ, чунин ғалатҳо бояд дар тренингҳои журналистӣ фаҳмонда шаванд, инчунин дар дастурамалҳои таълимии донишҷӯёни факултаҳои журналистика ворид карда шаванд. Аммо, ҳамзамон зарур аст ки вазъияти воқеӣ, ки дар онҳо журналистон ба чунин иштибоҳҳо роҳ медиҳанд, дақиқ дарк карда шавад.
«Ин кори журналистони утоқнишин аст, ки метавонанд ҳама чиро дар интернет бисанҷанду маълумоти заруриро маълум кунанд, аммо агар дар бораи хабарнигорон, ки ҳангоми чунин баррасию тасмимгириҳои нофаҳмову ба ҳам муқобил дар кӯча ё долонҳои ҳукуматӣ даводав доранд, пас мешавад фаҳмид, ки ин шароити форс-мажорӣ ҳаст. Агар касе касеро на иҷрокунандаи вазифа, балки нахуствазир бигӯяд, пас инҷо гап сари фаъолияти тахрибкорона намеравад. Аз ин василае барои баррасии ҷиддие сохтан ба назари ман дуруст нест. Даъвои он ки ин ВАО дар қонунӣ кардани ҳукумат мусоидат карданд, аз воқеият хеле дур аст»,-таъкид мекунад коршинос.
Ҳануз ҳам хатар вуҷуд дорад
Коршиносон як ҷанбаи муҳими дигари кори ВАО-ро ҳангоми инъикоси буҳрони сиёсӣ дар Қирғизистон амнияти журналистон медонанд.
«5 октябр рӯзноманигорон кори худро хуб анҷом доданд, онҳо на танҳо иттилоъро дар сомонаҳо нашр карданд, балки пахшҳои мустақим анҷом доданд, ки имкон дод иттилоъ бидуни таҳриф ба мухотабон бирасад. Журналистон талош карданд, воқеаро дар ҳаҷми пурра нишон бидиҳанд, дар сафи аввал буданд, он ҷо ки тирпаронӣ буд. Чунин раванд шоистаи эҳтиром аст, аммо ман фикр мекунам, ки зиндагӣ ва саломатии журналист аз ҳама чи болотар аст»,-мегӯяд коршиноси расонаӣ Марат Токоев.
Ӯ аз он ки чӣ тавр расонаҳо кормандони худро барои кор дар шароити хатарнок омода кардаанд, изҳори нигаронӣ кард.
«Сатҳи таъмини амнияти журналистон маро нигарон мекунад. Расонаҳоро мебоист ба кормандонашон кадом як либоси муҳофизатӣ медоданд. Бар ғайр аз ин, тавре мушоҳида кардам, журналистон дар гирдиҳамоиҳои эътирозӣ якнафарӣ-дунафарӣ кор мекарданд. Дар ҳоле ки бар асоси қоидаҳои амниятӣ ҷиҳати пешгирии ҳамла ё таҳдид онҳо бояд ба таври гуруҳи чанднафарӣ кор кунанд. Аз ин ҷиҳат, расонаҳо бояд ҳама ҷанбаъҳоро фикр мекарданд. Либосҳое, ки созмонҳои байналмилалӣ тақсим карданд, вазъро хеле тағйир доданд. Аммо бо як либоси махсус мушкилро рафъ карда намешавад, мебоист ки масъалаи амнияти журналистон беҳтар фикр карда мешуд»,- таъкид мекунад Токоев.
Дар аввал иштирокдорони гиридиҳамоӣ ба кори журналистон монеа эҷод намекарданд, аммо баъдан вазъ тағйир ёфт. 9 октябри соли 2020 аснои инъикоси эътирозҳои ҷонибдорони сиёсатмадор Садир Ҷабборов дар назди Бинои ҳукумат хабарнигори «Азаттык Медиа» аз сӯи иштирокдорони гиридиҳамоӣ, ки даъво мекарданд, расона гирдиҳамоиҳоро «нодуруст» инъикос мекунад, мавриди таҳдид қарор гирифт.
Яке аз таҳдидкунандаҳо гуфт, онҳо қасд доранд ба дафтари «Азаттык» бираванд ва аз хабарнигор талаб кард, ки майдонро тарк кунад. Ба гуфтаи журналист, дасти ӯро кашиданд ва ба пояш лагад заданд. Барои таъмини амнияти шахсӣ хабарнигор маҷбур шуд, майдонро тарк кунад.
Дар пайи хабарҳои зиёд аз манобеи гуногун дар ин маврид ки ба дафтари як қатор ВАО ҳамла сурат мегирад, «Азаттык Медиа», «24.kg», «Sputnik Қирғизистон» ва «Kaktus.media» аз ихтиёриён даъват карданд, ки амнияти дафтарҳои онҳоро таъмин кунанд. Дар натиҷа, бар асари адами имкони таъмини амният аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дафтари ин расонаҳоро ихтиёриён ҳифз карданд.
«Мутаассифона, раҳбарони сиёсӣ, ки барои қудрат талош мекарданд, ба ҷонибдорони худ нафаҳмониданд, ки ба журналистон даст расонидан мумкин нест, зеро озодии сухан яке аз муҳимтарин абзорҳои демократия мебошад»,-афзуд Токоев.
Азамат Тинаев изҳори умед кард, ки ин навбат мақомот на танҳо барои таъмини субот дар ҷомеа меандешад, балки ба нақши расонаҳо ва амнияти журналистон ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд мекунад. Махсусан дар маъракаҳое, ки даъватҳои ошкоро садо медиҳанд, мисли таҳдид ба журналистон ва ҳамла ба дафтари расонаҳои онҳо.
«Сиёсатмадоронро зарур аст ки бо ҷонибдорони худ каме кор кунанд. Ин талаботи фавқулодда нест. Мо дидем, ки чӣ тавр тамоми гирдиҳамоиҳо идора мешаванд. Ҳамагон гуфтанд, ки ҳама чӣ дар сатҳи баланд ҳамоҳангшудаву мутобиқшуда буд. Аммо ягон маротиба на аз ҷониби Садир Ҷабборов ва на аз ҷониби Камчибек Ташиев даъватҳое садо надод, ки бо расонаҳо ҷидол накунед, онҳоро дар вазъияти хатарбор нагузоред»,- афзуд Тинаев.
Ба андешаи ӯ, чунин муносибат бо журналистон идомаи заифии сартосарии маърифати расонаист.
«Дар мо, албатта, андешаҳои ба таври оммавӣ паҳншаванда дар хусуси он ки матбуот вазъро таккон медиҳад, дар бораи он ки ин ё он расона ҳамчун абзоре дар ташаннуҷи вазъ ва инқилобҳои ранга мебошад, нақш доранд. Ва мана, мо натиҷаи ҳамаи инро дидем», – натиҷагирӣ мекунад коршинос.
Масъалаи амнияти шахсии ҷисмонии журналистон бояд таҳти назорати доимӣ бошад.
«Матбуот ҳам якхела нест, лаҳзаҳое буданд, ки баъзе редаксияҳо ё баъзе журналистони алоҳида иштибоҳҳои касбӣ мекарданд ва наметавонистанд дар мавқеи бетарафӣ, воқеъбаёнӣ қарор дошта бошанд. Дар маҷмӯъ, ҳама хуб кор карданд, бо шарофати пешниҳоди фаврии иттилоъ, ба шарофати таҳлили оҷилӣ ва хунсардонаи рӯйдодҳо аҳолӣ аз ҳама чӣ огоҳ буд. Ин барои таҳлили минбаъдаи сиёсӣ муҳим аст, ин таърихи мост», – мегӯяд Тинаев.
Ҳамзамон ӯ аз мақомоти нави ҳукуматӣ даъват кард ба он далел таваҷҷуҳ намоянд, ки шаби 5-ум ба 6-уми октябр дар Бишкек алоқаи мобилӣ ва интернет хомӯш карда шуд. Ба ақидаи ӯ, меарзад, ки ин чиз муфассал арзёбӣ карда шавад.
«Зеро тасаввур намоед, ки ҳамин тавр ҳам беназмии ҷамъиятӣ ҷараён дорад, ба болои ин на алоқаи мобилӣ ҳасту на интернет. Дар вазъияте ки иттилоот комилан мавҷуд нест ва шаҳр пур аз ҷавонон ва он ҳам ҷавонони гуногун аст, чӣ метавонад ба амал ояд? Ҳатто тасаввур карданаш даҳшатовар аст, ки ин боиси ҳодисоте метавонист шавад. Дар чунин лаҳзаҳо фаъолияти устувори ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва интернет-провайдерҳо зарур аст. Ва ин рӯйдод бояд асоси ҷиддие бошад, то дар сатҳи Шӯрои амният, дар сатҳи ҳукумат ин масъала ҳаллу фасл гардида, ба такрори минбаъдаи он роҳ дода нашавад», – таъкид мекунад коршинос.
Акси асосӣ: diario16.com