-
Модули 1
Дар модули аввал бо падида, хусусият ва иқтидори соҳаҳои креативӣ дар мисоли таҷрибаи ҷаҳонӣ шинос хоҳед шуд. Ҳамчунин шароити ба вуҷуд омадани иқтисоди креативӣ, мафҳумҳои асосӣ, намудҳои соҳаҳои креативӣ ва вижагиҳои хоси онҳо низ баррасӣ мешаванд
-
Модули 2
Дар модули дуюм бо механизми соҳаҳои креативӣ шинос мешавед, дар бораи нақши соҳибкории креативӣ ва арзишҳое, ки он эҷод мекунад, маълумот мегиред. Ва дар бахши манфиатҳои рушди иқтисоди креативӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, намунаҳои Дониёр Амоналиевро дар бораи чӣ гуна ба пешгоми минтақавӣ дар ин самт табдил шудани Қирғизистон пешниҳод мекунем
-
Модули 3
Дар модули сеюм мушаххасоти соҳибкори муосирро баррасӣ намуда, мефаҳмед, ки чӣ гуна тафаккури соҳибкорӣ барои пешрафти коратон кумак расонад, ҳатто агар шумо нияти роҳандозии тиҷорати шахсии худро надошта бошед. Шумо имкон пайдо мекунед, бо намунаҳои илҳомбахши лоиҳаҳои эҷодӣ аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ шинос шуда, ба ҷомеаҳои креативии минтақа дастрасӣ пайдо кунед